Ҷавононро аз гаравиш эмин дорем!

Ифротгароӣ ё худ экстремизму тероризм яке аз ҷумлаҳои даҳшатноки ҷаҳон ба шумор рафта, оқибатҳои фалокатбори он сокинони сайёраро ба ташвиш овардааст. Боиси афсӯсу надомат аст, ки дар баъзе аз кишварҳои ҷаҳон бар асари содир гардидани амалҳои терористӣ садҳо ва ё ҳазорҳо нафар мардуми тинҷу осоишта ба доми ҳалокат мерасанд, ки ин боиси аз байн рафтани аҳолии тинҷ мегардад.

Ин ҳама натиҷаи пайравӣ ба дини ислом, ки онро ҳамчун ниқоби худ гардонидаанд, мебошад. Тоҷикистон яке аз кишварҳои тараққӣ намудаи ҷаҳон ба ҳисоб меравад, ки Ватани азизамон сол аз сол зебову обод ва шукуфон гашта истодааст. Вале боиси афсӯс аст, ки бархе аз ҷавонони кӯтоҳандеши мо ба шукри ин Ватан, ин кишвари биҳиштосо нарасида, ношукрӣ мекунанд, ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгароӣ шомил шуда, худ ва номи оилаи худ, номи кишвари азизу маҳбуби хешро бадном менамоянд.

Мо, аҳли ҷомеа, бояд бо гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ҳамеша дар муборизаи шадиди идеологӣ қарор дошта бошем ва нагузорем, ки душманони давлату миллат вазъи орому осудаи моро ноорому ҳаёти осоиштаи мардумро халалдор созанд.

Аз ин рӯ, моро лозим аст, ки баҳри иҷрои дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат тамоми қувваю ғайрат ва дониши хешро равона созем. Зеро таҳкими ваҳдати миллӣ, сулҳу осоиш, оромиву суботи сиёсии кишвар шоҳпулест, ки моро ба қуллаи умеду орзуҳо ва рӯзгори ободу пурнишот мерасонанд.

Садри Аъзам

Aanvullende gegevens