Мо модарон зидди экстремизм ва тероризм

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо дар баромадҳои худ оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайрирасмӣ изҳори нигаронӣ намуда, мо падару модаронро ба он даъват менамоянд, ки фарзандонро дар руҳияи баланди сиёсӣ тарбия намуда дар қалби онҳо ҳисси ватандӯстию ватандориро парвариш намоем.

Аммо, бо назардошти хавфу хатари ин зуҳурот ҳар як сокини ҷумҳуриамон барои аз бегонапарастӣ даст кашидани шаҳрвандон, бахусус ҷавонон, занон саҳмгузор бояд бошанд.

Имруз давлати мо хеле тараққи ёфта дар он барои ҷавонон ҳамаи шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Мутаасифона дар ҷомеаи мо ҳастанд ҷавононе, ки ба доми фиреби нохалафон афтида, аз ин даврони истиқлолияти давлатӣ, ки ҳамаи шароитҳо фароҳам аст, ношукрӣ карда аз сабаби надонистани ҳақиқати ҳол ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгароӣ, экстремистӣ, террористӣ, шомил мегарданд, ки ин гуна ҷавонон номи ҷумҳурии азизамонро дар арсаи олам доғдор месозанд.

Вале ҳифзи Вавтан, пос доштани анъанаҳои миллӣ, пӯшидани сару либоси миллӣ ва нигоҳ доштани анъанаҳои ниёгон вазифаи муқаддаси мо ҷавонони имрӯза мебошад.

Дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҳар яки мо дар назди Қонун доир ба таълиму тарбияи фарзанд вазифадорем. Бинобар он мо падару модарон доимо фарзандони худро таҳти назорат гирифта масъулиятшинос бошем ва нагузорем, ки онҳо ба ҳар гуна корҳои ношоиста машғул гарданд. Кушиш намоем, ки вақтҳои холии худро бо китобхонию варзиш сарф намоянд.

Пушида нест, ки имрӯз чандин нафар шаҳрвандони кишвари мо дар давлати Суруя дар ҳайати гурухҳои террористиву эктремистӣ қарор доранд. Аксари ин ҷавонон саводи кофӣ надошта, ба гумроҳӣ рафтаанд.

Аз ин лиҳоз ҳар яки мо модарон шаҳрвандони Тоҷикистони азиз бояд пеш аз ҳама дар манзили зисти худ бо аҳли оила барои пешгирии ҳамагуна шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифратгаро кӯшиш намоем ва нагузорем, ки ҷавонони мо гумроҳ гарданд.

Изҳороти як гурӯҳ модарони
фаъоли ноҳияи Спитамен

Aanvullende gegevens