Экстремизм – тероризм вабои аср

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси олӣ доир ба зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав – терроризм ва экстремизм, ки дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир густариш пайдо карда истодааст, таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуданд.

Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифтанд.

Агар имрӯз садое дар ягон кишвари хоҳ хурду хоҳ калон бархезад, акси он дарҳол аз дигар кишварҳои дурру наздик шунида мешавад. Агар дар ягон гӯшаи дурдаст фоҷиае сар занад, кишварҳои дигар, ҳарчанд дар байнашон ҳазорон фарсах масофа ва уқёнусу қаторкӯҳҳо мавҷуд бошанд ҳам, аз таъсири фалокатбори он эмин буда наметавонанд.

Яке аз проблемаҳои ҷаҳони муосир афзоиши хатари терроризми байналхалқӣ мебошад, ки бо шиорҳои бофтаву сохтаи исломӣ пардапӯш шудааст. Дар асл ислом бо терроризм ва ташкилотҳои экстремистӣ ҳеҷ умумияте надошта, баръакс таълимоташ зидди ин падидаҳои хатарнок нигаронида шудааст. Вале бо вуҷуди ин, қувваҳое ҳастанд, ки барои расидан ба ҳадафҳои сиёсии худ аз дини мубини ислом сӯйистифода мекунанд. Мо ба дини ислом чун як сарчашмаи покизаи маънавӣ ва ахлоқӣ эҳтиром мегузорем. Дини мубини ислом чун ҳама динҳои дигар инсониятро ба таҳаммул, тараҳҳум ҳидоят намуда, ҳар гуна зӯроварӣ ва кушторро маҳкум месозад. Терроризм ба ягон дин, мазҳаб ва миллат хос нест.

Замони мо замони ниҳоят мураккаб ва печидаи таърихи башарӣ, замони таҳаввулоти бунёдии созмонҳои иҷтимоӣ аст. Дар чунин шароит вазифаи имониву муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси миллат – аз шаҳрванди оддӣ то корманди баландпояи мақомоти давлатӣ таблиғи бедории миллӣ, зиракиву ҳушёрии сиёсӣ, ҳисси баланди ифтихори ватандориву ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносии миллӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад.

Бо иҷрои ин вазифаи муқаддас ва адои ин қарзи имонӣ, танҳо бо меҳнати ҳалол, софдилона ва фидокорона мо метавонем давлати ҷавону соҳибистиқлоли худро обод созему тараққӣ диҳем, пояҳои давлатдориамонро мустаҳкам намоем ва мақому обрӯи Тоҷикистони азизамонро дар арсаи байналмиллалӣ баланд бардорем.

   Сархатиби ноҳия
Б. Исмоилов

Aanvullende gegevens