Дар ноҳияи Спитамен маркази омузиши забонҳои хориҷӣ ва дақиқ кушода шуд

Дар ноҳияи Спитамен аз тарафи ҶДММ «Дунёро биомӯз» филиали маркази омузиши забонҳои хориҷӣ ва омузиши фанҳои дақиқ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Муовини раиси ноҳия Дилрабо  Раҳимӣ дар ифтитоҳи он иштирок намуда аз рафти таълим ва утоқҳои корӣ дидан намуд. Бояд қайд кард, ки ташкилоти мазкур даҳ сол инҷониб фаъолият мебарад. Дар ин марказ дар вақти таътил омӯзиши забонҳои хориҷӣ: забони давлатӣ,  русӣ, олмонӣ,англисӣ, хитойи, туркӣ ва омузиши ҷуқури фанҳои дақиқ ба роҳ монда шудааст, ки дар он омузгорони ботаҷриба дорандагони унвони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба монанди Эрматов Одилҷон, Раҳимқулова Улманой, Шокирова Светлана дарс медиҳанд.

Дар марказ ҳамаи синфхонаҳо дар асоси талаботи замон сохта шуда шароитҳои мусоид фароҳам буда, синфхонаи компютери низ мавҷуд мебошад. Рӯзҳои ҷумъа шанбеи ҳар ҳафта ба шахсони имконияташон маҳдуд таълим ройгон   дода мешавад. 

Aanvullende gegevens