Клуби футболи «Спитамен»-и ноҳияи Спитамен

Солҳои охир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи варзиш эътибори ҷидди зоҳир менамоянд.

Вобаста ба ин бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия клуби футболи «Спитамен»-и ноҳия Спитамен дар Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои лигаи 2-юм (минтақаи Суғд) фаъолона иштирок дорад. Дар 11 бозӣ 9 ғалаба 1мусовӣ, 1 бохт, 28 хол ба даст оварда байни 13 даста дар ҷойи якум қарор дорад.

Муваффақияти дигари клуби футболи Спитамен он аст, ки моҳи июли соли равон бо дастаи футболи Хуҷанд-2 шаҳри Хуҷанд бозӣ намуда ба ҳисоби 7:1 ғалаба ба даст овард. Дастаи футболи «Спитамен»-и ноҳияи Спитамен ният дорад, ки дар мусобиқаҳои дигари футбол ширкат намояд ва барои ба ғалаба соҳиб гаштан аз тамоми имкониятҳо истифода барад.

Хадамоти матбуотии
Раиси ноҳияи Спитамен

Aanvullende gegevens