БА ТАВАҶҶУҲИ СОҲИБКОРОН ВА ҲАМВАТАНОНИ БУРУНМАРЗӢ!

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамени вилояти Суғд кулли соҳибкорон ва ҳамватаноне, ки зодагони ноҳияи Спитамен буда, дар аз хориҷ аз кишвар кору фаъолият намуда, дорои имконияти молиявӣ мебошанд, эҳтиромона барои ҳамкорӣ ҷиҳати бунёди иншоотҳои таъиноташон гуногун, аз ҷумла корхонаҳои саноатӣ, марказҳои хизматрасонӣ, толорҳои варзишӣ ва бозиҳои кӯдакона, кошонаи ҳусн, сартарошхона, китобхона, марказҳои саломатӣ, ҳаммом, сехи дӯзандагӣ, коргоҳҳои ҳунарҳои мардумӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, таъмиру бунёди роҳҳои дохилӣ дар байни маҳалҳои аҳолинишин ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак даъват менамояд.

Соҳибкорон метавонанд барои ҳамкорӣ ва гирифтани маъумоти иловагӣ ба бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамени вилояти Суғд тариқи телефони кории +992 (83441) 2-15-13 (аз соати 800 то 1700 ба вақти маҳаллӣ) ё тариқи почтаи электронии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ё Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. муроҷиат намоянд.

Cуроғаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен:

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ноҳияи Спитамен, Ҷамоати шаҳраки Навкат, кӯчаи Спитамен №3, индекс 735830, факс +992 (83441) 2-22-44.

Aanvullende gegevens