Нест бод терроризм ва экстремизм!

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар якчанд вохӯриву сӯҳбатҳои худ таъкид намудаанд, ки фаъол гардидани гурӯҳҳои террористӣ дар солҳои охир ба амнияти ҷаҳонӣ таъсири номатлуб расонда, ҷомеаи башариро ба хатарҳои маргбор рӯ ба рӯ мегардонад.

Ба таъкиди Пешвои миллат хатари терроризму экстремизми байналмилалӣ дар сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон, ки маркази ҷанубии ИДМ ба ҳисоб меравад ва масофаи тӯлониро дар бар мегирад, афзоишёбанда буда, барои пешгирии ҳаргуна ҳодисаҳои номатлуби аср ҳамбастагию ҳамкории пайваста ва кӯмаки худро дареғ надошта мо бояд аҳли кормандони театри ноҳия баҳри пешгирии ҷавонони ноҳияи ҳамешаҷавони Спитамен бо дарки масъулият ва рӯҳияи баланди хештаншиносӣ   дар ин марҳилаи созандагию бунёдкории Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун як узви фаъоли ҷомеаи муосир бо ҳисси ватандорӣ ва ифтихори милӣ худро масъул ва вазифадор медонем.

Мо муқобили ҳама гуна ҳаракатҳои терроризму экстремистии ҷавонони гумроҳ мебошем! Нест бод терроризм ва экстремизм!

Мо озодӣ ва ҳуқуқҳои конститутсионии худро муқаддас шуморида, ваҳдат, баробарию бародарӣ ва дӯстии миллату халқиятҳои Ватани азизамонро арҷ гузошта, баҳри бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ бо азму иродаи қавӣ талош меварзем.

Бо дарки ин маънӣ мо, аҳли театри ноҳия ба кулли сокинон, ҷавонон ва наврасон муроҷиат намуда, гуфтанием, ки баҳри пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азиз, бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Президенти мамлакат, бо ҳисси маъсулияти бузурги ватандорӣ ва қарзи пурифтихори фарзандии худ дар ҳама маврид омода ҳастем пешсафи тамоми кору пайкор бошем.

Aanvullende gegevens