Дарави ғалладониҳо суръат мегирад

Имсол кишоварзони ноҳия дар роҳи бо маҳсулоти худӣ таъмин намудани аҳолӣ дар замини 4671 гектар ғалладониҳо кошта буданд.

Алҳол баҳри беталаф ва сари вақт ҷамъоварии ғалладониҳо дар аксарияти АИО-и ноҳия ба дарав оғоз бахшидаанд. Аз ҷумла, дарав дар АИО-и Т. Ӯлҷабоев, Б. Аҳмадалиев, ҶДММ “Спитамен-текстайлз” муташаккилона ташкил ва кори пурмаҳсули комбайнҳо ба роҳ монда шудааст.

Аз рӯи иттилои муҳандиси назорати техникии идораи кишоварзии ноҳия Д. Усмонов айни ҳол ба дарав 18 адад комбайн, зиёда аз 150 техникаҳои гандумкашон, 22 адад трактори тойбандии коҳ ва дигар техникаи зарурӣ сафарбар карда шудааст. Аз ноҳияи Деваштич дар асоси шартномаи меҳнатӣ 5 адад комбайнро ба ёрии дарав даъват кардаанд.

Ғаллакорон, вобаста ба мусоидии обу ҳаво, суръати даравро тезонида, барои бе резу пош ғундоштани ҳосил азм доранд. То дирӯз бештар аз 800 гектар ғалладониҳо дарав карда шуд.

 

Aanvullende gegevens