Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовини якуми Раиси ноҳияи Спитамен

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир 18 июни соли 1971 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Соли 1993 ва 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро бо ихтисоси омӯзгори фанни информатика ва техникаи ҳисоббарор, инчунин иқтисодчӣ хатм кардааст.

Зоҳидзода Д.А. фаъолияти меҳнатиашро соли 1993 ба ҳайси омӯзгори кафедраи фанҳои техникаи умумии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров оғоз намуда, ҳамзамон солҳои 1991-1996 раиси Иттифоқи ҷавонони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва муовини раиси созмони ҷавонони шаҳри Хуҷандро бар уҳда дошт.

Зоҳидзода Д.А. солҳои 1996-2001 раиси Маркази ташаббуси ҷавонони «Иттифоқ», солҳои 2001-2003 роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Хуҷанд, солҳои 2003-2004 муовини аввали роҳбари дастгоҳи Раиси вилояти Суғд, солҳои 2004-2006 роҳбари дастгоҳи Раиси вилояти Суғд, солҳои 2006-2011 аввал иҷрокунандаи вазифа ва баъдан Раиси ноҳияи Ашт буд.

Соли 2011 дар вазифаи мудири Маркази иттилоотию техникии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба зимма дошт.

Аз моҳи ноябри соли 2011 то моҳи ноябри соли 2013 дар вазифаи Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Ҳалқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд фаъолият намудааст.

Аз моҳи ноябри соли 2013 то январи соли 2016 дар вазифаи Раиси шаҳри Исфара кор карда, моҳи июни соли 2017 муовини якуми Раиси ноҳияи Спитамен таъин шудааст.

Оиладор, соҳиби ду фарзанд.


Aanvullende gegevens