Дилрабо Раҳимӣ

Муовини Раиси ноҳияи Спитамен

Дилрабо Раҳимӣ 20 сентябри соли 1986 дар шаҳри Истаравшан таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумоташ олӣ. Соли 2008 Донишгоҳи давлатии Хуҷандро бо ихтисоси суханшинос хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 2005 ҳамчун омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22-и ноҳияи Спитамен оғоз намудааст.

Солҳои 2010-2013 мутахассиси пешбари шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳияи Спитамен ва солҳои 2013-2015 дар вазифаи мутахассиси пешбар ва баъдан сармутахассиси шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси ноҳияи Спитамен фаъолият намудааст.

Аз моҳи апрел то моҳи сентябри соли 2015 мудири шӯъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи Раиси ноҳияи Спитамен буд.

Аз моҳи сентябри соли 2015 то ҳол дар вазифаи муовини Раиси ноҳияи Спитамен, сарпарасти соҳаи иҷтимоиёт фаъолият мебарад.

Оиладор, соҳиби се фарзанд.

Aanvullende gegevens