Саидзода Илҳом Тӯлқунӣ

saidzoda-iМуовини Раиси ноҳияи Спитамен

Саидзода Илҳом Тӯлқунӣ 22 июли соли 1958 дар ноҳияи Спитамен таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумоташ олӣ. Соли 1981 Институти политехникии шаҳри Фрунзеи Ҷумҳурии Қирғизистонро бо ихтисоси муҳандис–сохтмончӣ хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 1975 ҳамчун корманди заводи «Ленинободселмаш»-и ноҳия оғоз намудааст.

Баъди хатми донишгоҳ солҳои 1981-1983 дар идораи сохтмони механиконидашуда (МПМК) ба сифати усто ва муҳандис фаъолият дошт.

Солҳои 1983-1991 нозир, ҷонишини мудири шӯъбаи ташкилӣ, котиби дуюм ва котиби якуми комитети комсомоли ноҳияи Спитамен, солҳои 1991-1995 сардори умури сохтмони асосии комитети иҷроияи ноҳия, солҳои 1995-1999 сардори хоҷагии гази ноҳия, солҳои 1999-2004 сармуҳандис ва баъдан дар вазифаи муовини аввали раиси ҶСК «Ленинободгаз» кор кардааст.

Солҳои 2004-2010 муовини аввали Раиси ноҳияи Спитамен ва солҳои 2010-2015 раиси Ҷамоати шаҳраки Навкати ноҳия буд.

Аз моҳи сентябри соли 2015 то ҳол дар вазифаи муовини Раиси ноҳияи Спитамен, сарпарасти соҳаи сохтмон ва хизматрасонӣ фаъолият мебарад.

Оиладор, соҳиби се фарзанд.

Aanvullende gegevens