Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
РАИСИ НОҲИЯ
Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло
Муовини раиси ноҳия
Дилрабо Раҳимӣ
Муовини раиси ноҳия
Исломзода Баҳодур Саид
Хабарҳои охирин
Добавить новость
Қабули техникаи кишоварзӣ Дар ноҳияи Спитамен маросими тантанавии қабули техникаи нави кишоварзӣ баргузор гардид, ки ба рушди минбаъдаи соҳаи аграрӣ дар ноҳия такони ҷиддӣ мебахшад. Дар чорабинӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Спитамен Ҷамшед Ҷӯразода, муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Баҳром, директори Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «ТоҷикАгролизинг» Акрамзода Юсуф, сардори бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзӣ Холов Имомалӣ, инчунин муовини раиси вилояти Суғд Файзулло Қосимӣ иштирок намуданд. Зимни маросим масъулин аз техникаҳои воридгардида боздид ба амал оварда, бо имконияту иқтидори онҳо шинос шуданд. Қайд гардид, ки ворид намудани техникаҳои муосир ба беҳтар гардидани сифати корҳои саҳроӣ, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва истифодаи самараноки замин мусоидат менамояд. Таъкид шуд, ки рушди соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар ба ҳисоб рафта, таъмини хоҷагиҳо бо техникаи муосир омили муҳимми пешрафти истеҳсолот мебошад. Масъулин ҷиҳати истифодаи мақсадноки техникаҳо, нигоҳдории дурусту саривақтӣ, баланд бардоштани масъулияти мутахассисон ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Ҳамзамон, дар вазъияти тантанавӣ ба як қатор фаъолони соҳа барои саҳми арзандаашон дар рушди кишоварзӣ сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд. Дар фарҷоми чорабинӣ изҳори боварӣ карда шуд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талошҳои якҷояи кишоварзон, соҳаи аграрии ноҳияи Спитамен боз ҳам рушд ёфта, дар таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми назаррас хоҳад гузошт.
Мулоқот бо усули "мактаб ба мактаб" Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 воқеъ дар деҳоти Куруш вохӯрии судманд дар доираи усули «мактаб ба мактаб» баргузор гардид. Дар мулоқоти мазкур муовини раиси ноҳия Дилрабо Раҳимӣ, инчунин намояндагони сохторҳои гуногуни давлатӣ ва ҷомеа иштирок намуда, бо омӯзгорону хонандагон суҳбати ошкоро анҷом доданд. Зимни вохӯрӣ масъалаҳои муҳими рӯз, аз ҷумла таҳкими сатҳи маърифатнокии ҷавонон, баланд бардоштани савияи забондонӣ, пешгирии зуҳуроти номатлуб миёни наврасону ҷавонон, мубориза бо ҷинояткорӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд. Таъкид гардид, ки тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва риояи қонунҳо вазифаи аввалиндараҷаи муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеа ба шумор меравад. Муовини раиси ноҳия Дилрабо Раҳимӣ зимни суханронии худ иброз дошт, ки ҳамкории зичи муассисаҳои таълимӣ бо падару модарон ва сохторҳои марбута метавонад дар пешгирии амалҳои номатлуб ва баланд бардоштани масъулияти ҷавонон нақши муассир гузорад. Ҳамзамон, аз хонандагон даъват ба амал оварда шуд, ки барои аз худ намудани донишҳои замонавӣ, омӯзиши амиқи забонҳои хориҷӣ ва касбомӯзӣ саъю кӯшиш намоянд. Қобили зикр аст, ки дар назди муассисаи мазкур бо ташаббуси роҳбарияти мактаб ва дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ тариқи ҳашар сохтмони бинои иловагӣ ҷараён дорад. Бинои нав аз ду ошёна ва ҳашт синфхона иборат буда, корҳои сохтмонӣ айни замон вусъат пайдо кардаанд. Тибқи иттилоъ, иншооти мазкур то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода хоҳад шуд, ки он ба беҳтар гардидани шароити таълиму тарбия ва фароҳам овардани муҳити муносиби таҳсил барои хонандагон мусоидат хоҳад кард. Баргузории чунин вохӯриҳо дар доираи усули «мактаб ба мактаб» ба таҳкими робитаи ҷомеа бо муассисаҳои таълимӣ ва баланд бардоштани сатҳи масъулияти шаҳрвандӣ миёни ҷавонон заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ҷаласаи назоратӣ Ҷаласаи навбатии назоратӣ таҳти раёсати иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Спитамен Ҷамшед Ҷӯразода баргузор гардид. Дар кори ҷаласа роҳбарони сохторҳои дахлдор, намояндагони мақомоти иҷроия ва масъулони соҳаҳои кишоварзӣ, ҳарбӣ ва коммуналӣ иштирок намуданд. Зимни ҷаласа масъалаҳои муҳим мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд. Аз ҷумла, таваҷҷуҳи асосӣ ба вусъати корҳои ободонию созандагӣ равона гардид. Қайд карда шуд, ки бо мақсади истиқболи шоиста аз ҷашнҳои миллӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагии сокинон, дар маҳаллаҳо ва деҳот корҳои таъмиру тармими роҳҳо, ободсозии кӯчаву хиёбонҳо, сабзкорӣ ва тоза нигоҳ доштани муҳити зист бояд боз ҳам тақвият дода шаванд. Ба масъулон супориш дода шуд, ки иҷрои босифат ва саривақтии нақшаҳои тасдиқгардида таъмин карда шавад. Ҳамзамон, масъалаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ низ мавриди таҳлил қарор гирифт. Таъкид гардид, ки Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мактаби мардонагӣ ва ҷасорат буда, хизмат дар сафи он вазифа ва қарзи шаҳрвандии ҷавонон аст. Дар самти кишоварзӣ рафти кишти картошка ва пахта мавриди баррасӣ қарор гирифт. Зикр шуд, ки истифодаи самараноки заминҳои кишт, риояи муҳлатҳои агротехникӣ ва таъмини деҳқонон бо тухмии хушсифат аз омилҳои асосии баланд бардоштани ҳосилнокӣ ба шумор меравад. Ба масъулини соҳа дастур дода шуд, ки назорати доимиро аз болои рафти корҳои саҳроӣ ба роҳ монда, барои иҷрои нақшаи кишти пахта ва картошка тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд. Дар фарҷоми ҷаласа иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Ҷамшед Ҷӯразода ба масъулон ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва босифати супоришҳо дастуру тавсияҳои мушаххас дода, таъкид намуд, ки танҳо бо меҳнати содиқона ва масъулияти баланд метавон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.