Барои хондан ҳамаи хабарҳо

Новостное изображение

Қабули техникаи кишоварзӣ Дар ноҳияи Спитамен маросими тантанавии қабули техникаи нави кишоварзӣ баргузор гардид, ки ба рушди минбаъдаи соҳаи аграрӣ дар ноҳия такони ҷиддӣ мебахшад. Дар чорабинӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Спитамен Ҷамшед Ҷӯразода, муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Баҳром, директори Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «ТоҷикАгролизинг» Акрамзода Юсуф, сардори бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзӣ Холов Имомалӣ, инчунин муовини раиси вилояти Суғд Файзулло Қосимӣ иштирок намуданд. Зимни маросим масъулин аз техникаҳои воридгардида боздид ба амал оварда, бо имконияту иқтидори онҳо шинос шуданд. Қайд гардид, ки ворид намудани техникаҳои муосир ба беҳтар гардидани сифати корҳои саҳроӣ, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва истифодаи самараноки замин мусоидат менамояд. Таъкид шуд, ки рушди соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар ба ҳисоб рафта, таъмини хоҷагиҳо бо техникаи муосир омили муҳимми пешрафти истеҳсолот мебошад. Масъулин ҷиҳати истифодаи мақсадноки техникаҳо, нигоҳдории дурусту саривақтӣ, баланд бардоштани масъулияти мутахассисон ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Ҳамзамон, дар вазъияти тантанавӣ ба як қатор фаъолони соҳа барои саҳми арзандаашон дар рушди кишоварзӣ сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд. Дар фарҷоми чорабинӣ изҳори боварӣ карда шуд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талошҳои якҷояи кишоварзон, соҳаи аграрии ноҳияи Спитамен боз ҳам рушд ёфта, дар таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми назаррас хоҳад гузошт.

Новостное изображение

Мулоқот бо усули "мактаб ба мактаб" Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 воқеъ дар деҳоти Куруш вохӯрии судманд дар доираи усули «мактаб ба мактаб» баргузор гардид. Дар мулоқоти мазкур муовини раиси ноҳия Дилрабо Раҳимӣ, инчунин намояндагони сохторҳои гуногуни давлатӣ ва ҷомеа иштирок намуда, бо омӯзгорону хонандагон суҳбати ошкоро анҷом доданд. Зимни вохӯрӣ масъалаҳои муҳими рӯз, аз ҷумла таҳкими сатҳи маърифатнокии ҷавонон, баланд бардоштани савияи забондонӣ, пешгирии зуҳуроти номатлуб миёни наврасону ҷавонон, мубориза бо ҷинояткорӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд. Таъкид гардид, ки тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва риояи қонунҳо вазифаи аввалиндараҷаи муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеа ба шумор меравад. Муовини раиси ноҳия Дилрабо Раҳимӣ зимни суханронии худ иброз дошт, ки ҳамкории зичи муассисаҳои таълимӣ бо падару модарон ва сохторҳои марбута метавонад дар пешгирии амалҳои номатлуб ва баланд бардоштани масъулияти ҷавонон нақши муассир гузорад. Ҳамзамон, аз хонандагон даъват ба амал оварда шуд, ки барои аз худ намудани донишҳои замонавӣ, омӯзиши амиқи забонҳои хориҷӣ ва касбомӯзӣ саъю кӯшиш намоянд. Қобили зикр аст, ки дар назди муассисаи мазкур бо ташаббуси роҳбарияти мактаб ва дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ тариқи ҳашар сохтмони бинои иловагӣ ҷараён дорад. Бинои нав аз ду ошёна ва ҳашт синфхона иборат буда, корҳои сохтмонӣ айни замон вусъат пайдо кардаанд. Тибқи иттилоъ, иншооти мазкур то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода хоҳад шуд, ки он ба беҳтар гардидани шароити таълиму тарбия ва фароҳам овардани муҳити муносиби таҳсил барои хонандагон мусоидат хоҳад кард. Баргузории чунин вохӯриҳо дар доираи усули «мактаб ба мактаб» ба таҳкими робитаи ҷомеа бо муассисаҳои таълимӣ ва баланд бардоштани сатҳи масъулияти шаҳрвандӣ миёни ҷавонон заминаи мусоид фароҳам меорад.

Новостное изображение

Ҷаласаи назоратӣ Ҷаласаи навбатии назоратӣ таҳти раёсати иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Спитамен Ҷамшед Ҷӯразода баргузор гардид. Дар кори ҷаласа роҳбарони сохторҳои дахлдор, намояндагони мақомоти иҷроия ва масъулони соҳаҳои кишоварзӣ, ҳарбӣ ва коммуналӣ иштирок намуданд. Зимни ҷаласа масъалаҳои муҳим мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд. Аз ҷумла, таваҷҷуҳи асосӣ ба вусъати корҳои ободонию созандагӣ равона гардид. Қайд карда шуд, ки бо мақсади истиқболи шоиста аз ҷашнҳои миллӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагии сокинон, дар маҳаллаҳо ва деҳот корҳои таъмиру тармими роҳҳо, ободсозии кӯчаву хиёбонҳо, сабзкорӣ ва тоза нигоҳ доштани муҳити зист бояд боз ҳам тақвият дода шаванд. Ба масъулон супориш дода шуд, ки иҷрои босифат ва саривақтии нақшаҳои тасдиқгардида таъмин карда шавад. Ҳамзамон, масъалаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ низ мавриди таҳлил қарор гирифт. Таъкид гардид, ки Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мактаби мардонагӣ ва ҷасорат буда, хизмат дар сафи он вазифа ва қарзи шаҳрвандии ҷавонон аст. Дар самти кишоварзӣ рафти кишти картошка ва пахта мавриди баррасӣ қарор гирифт. Зикр шуд, ки истифодаи самараноки заминҳои кишт, риояи муҳлатҳои агротехникӣ ва таъмини деҳқонон бо тухмии хушсифат аз омилҳои асосии баланд бардоштани ҳосилнокӣ ба шумор меравад. Ба масъулини соҳа дастур дода шуд, ки назорати доимиро аз болои рафти корҳои саҳроӣ ба роҳ монда, барои иҷрои нақшаи кишти пахта ва картошка тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд. Дар фарҷоми ҷаласа иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Ҷамшед Ҷӯразода ба масъулон ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва босифати супоришҳо дастуру тавсияҳои мушаххас дода, таъкид намуд, ки танҳо бо меҳнати содиқона ва масъулияти баланд метавон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.

Новостное изображение

Э Ъ Л О Н дар асоси қарори раиси ноҳияи Спитамен аз санаи 31.12.2025, таҳти №599 “Дар бораи гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии дастгоҳи раиси ноҳия, сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Спитамен” озмун эълон менамояд: Мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси ноҳияи Спитамен Талаботи тахассусӣ барои довталабон: -таҳсилоти олии касбӣ; -4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ; -донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси ноҳияро ба танзим медароранд; -малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ. Маоши мансабӣ 2924,15 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ. Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳияи Спитамен Талаботи тахассусӣ барои довталабон: -таҳсилоти олии касбӣ; -4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ; -донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳия танзим медароранд; -малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ. Маоши мансабӣ 2924,15 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ. Мутахассиси пешбари бахши молия ва муҳосиботи дастгоҳи Раиси ноҳия Талаботи тахассусӣ барои довталабон: -таҳсилоти олии касбӣ (ба таҳсилоти олии касбии ихтисоси кишоварзӣ бартарӣ дода мешавад); -донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии Мутахассиси пешбари бахши молия ва муҳосиботи дастгоҳи Раиси ноҳияро ба танзим медароранд; -малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ. Маоши мансабӣ 1779,2 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ. Мутахассиси пешбари бахши сармоягузорӣ ва идораи молу мулки давлатии ноҳия Талаботи тахассусӣ барои довталабон: -таҳсилоти олии касбӣ (ба таҳсилоти олии касбии ихтисоси кишоварзӣ бартарӣ дода мешавад); -донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии Мутахассиси пешбари бахши сармоягузорӣ ва идораи молу мулки давлатии ноҳияро ба танзим медароранд; -малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ. Маоши мансабӣ 1779,2 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ. Мутахассиси пешбари шуъбаи маорифи ноҳия Талаботи тахассусӣ барои довталабон: -таҳсилоти олии касбӣ (ба таҳсилоти олии касбии ихтисоси кишоварзӣ бартарӣ дода мешавад); -донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии Мутахассиси пешбари шуъбаи маорифи ноҳияро ба танзим медароранд; -малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ. Маоши мансабӣ 1779,2 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ. Мутахассиси шуъбаи маорифи ноҳия Талаботи тахассусӣ барои довталабон: -таҳсилоти олии касбӣ (ба таҳсилоти олии касбии ихтисоси омӯзгор бартарӣ дода мешавад); -донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии Мутахассиси шуъбаи маорифи ноҳияро ба танзим медароранд; -малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ. Маоши мансабӣ 1459,5 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизматӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ. Сармутахассиси (муҳандис – заминсоз) Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Навкат, Т.Ӯлҷабоев, Куруш, Тағояк Истиқлол, ва Сарбанд (шаш воҳид) Талаботи тахассусӣ барои довталабон: -таҳсилоти олии касбӣ; -2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ; -донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии муҳандис - заминсози Ҷамоатро ба танзим медароранд; -малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ. Маоши мансабӣ 2071,1 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ. Сармутахассиси дин, танзими ҷашну маросими Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Навкат, Тағояк ва Ҳуррамзамин (се воҳид) Талаботи тахассусӣ барои довталабон: -таҳсилоти олии касбӣ; -2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ; -донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии Сармутахассиси дин, танзими ҷашну маросимиро ба танзим медароранд; -малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ. Маоши мансабӣ 2071,1 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ. Сармутахассис – сармуҳосиби Ҷамоатҳои деҳоти Хуррамзамин Талаботи тахассусӣ барои довталабон: -таҳсилоти олии касбӣ; -2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ; -донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассис – сармуҳосиби Ҷамоатро ба танзим медароранд; -малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ. Маоши мансабӣ 2071,1 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ. Мутахассиси пешбари андози Ҷамоатҳои деҳоти Сарбанд Талаботи тахассусӣ барои довталабон: -таҳсилоти олии касбӣ; -донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари андози Ҷамоатро ба танзим медароранд; -малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ. Маоши мансабӣ 1695,8 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ. Талаботи тахассусӣ барои довталабон: -таҳсилоти олии касбӣ -донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассис-коргузори Ҷамоатро ба танзим медароранд; -малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ. Маоши мансабӣ 1390 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ. Аз довталабон ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад: -аризаи шахсӣ ба номи Раиси ноҳияи Спитамен; -варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 4 дона расми андозаи 4х6); -тарҷумаи ҳол; -нусхаи шиноснома; -нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот; -нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ; -маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038); -нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда; -маълумот дар бораи даромад ва вазъи молумулкӣ; -маълумотнома оид ба доштан ё надоштани доғи судӣ; -нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд). Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен, баъди чопи аввалини эълон дар муҳлати 21 рӯз дар шакли хаттӣ ё электронӣ қабул карда мешаванд. Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо: ноҳияи Спитамен, к.Спитамен №3, бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен, ошёнаи 1, утоқи №2 шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси ноҳия, телефон (83441) 2-26-83, факс 2-26-83, 2-22-44, нишонаи сомона www.spitamen.tj суроғаи электронӣ mihd_n. spitamen@mail.ru. Қабули ҳуҷҷатҳо аз санаи 9 феврали соли 2026 то 23 феврали соли 2026

Новостное изображение

Ҷамъомад дар қисми ҳарбӣ Дар қисми ҳарбии 0228 бахшида ба 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мадина Набизода, сардори раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Хуршеда Хоҷазода, мушовири Шӯрои вилоятии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мирпочоева Мавҷуда ва муовини раиси ноҳия Раҳимӣ Дилрабо иштирок намуданд. Зимни суханрониҳо таъкид гардид, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сипари боэътимоди давлату миллат дар таҳкими истиқлолият, ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар ва таъмини сулҳу суботи ҷомеа нақши муҳим доранд. Иштирокдорон аз хизматҳои содиқонаи афсарону сарбозон ёдовар шуда, ба онҳо барои хизмати софдилона ба Ватан изҳори сипосу миннатдорӣ баён карданд. Қайд карда шуд, ки арҷгузорӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ ва дастгирии маънавии онҳо аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб рафта, чунин ташаббусҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ таъсири мусбат мерасонанд. Дар доираи чорабинӣ аз ҷониби бонувон ба сарбозону афсарон анвои гуногуни хӯрокҳои миллӣ, аз ҷумла нон, шириниҳо ва тармева тақдим гардид. Ин иқдом ҳамчун рамзи эҳтиром ва ғамхорӣ нисбат ба ҳомиёни Ватан арзёбӣ шуда, боиси болидахотирии ҳайати шахсӣ гардид. Чорабинӣ дар фазои тантанавӣ ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ баргузор шуда, иштирокдорон ба сарбозону афсарон дар иҷрои вазифаи муқаддаси хизмати ҳарбӣ барору комёбиҳо орзу намуданд.

Новостное изображение

Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Спитамен Ҷамшед Ҷӯразода аз бозори марказии ноҳия ва бозори «Ваҳдат» боздид намуд Дар ҷараёни боздид иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Спитамен Ҷамшед Ҷӯразода бо фаъолияти рӯзмарраи бозорҳо, вазъи таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти ниёзи аввал, риояи талаботи санитарӣ ва ҳолати нигоҳдории маҳсулоти хӯрокворӣ аз наздик шинос шуд. Зикр гардид, ки бозори марказӣ яке аз нуқтаҳои асосии савдо дар ноҳия ба ҳисоб рафта, ҳамарӯза садҳо нафар сокинон ва соҳибкоронро ба ҳам меорад. Зимни суҳбат бо масъулини бозор ва соҳибкорон Ҷамшед Ҷӯразода таъкид намуд, ки таъмини фаровонии маҳсулот, нигоҳ доштани суботи нархҳо ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба мизоҷон аз вазифаҳои аввалиндараҷа ба шумор мераванд. Ӯ инчунин ба масъулон дастур дод, ки назорати доимӣ аз болои сифату бехатарии маҳсулоти пешниҳодшаванда пурзӯр карда шавад. Дар бозори «Ваҳдат» низ роҳбари ноҳия бо шароити савдо, сатҳи тозагӣ ва фаъолияти нуқтаҳои фурӯш шинос гардида, ҷиҳати беҳтар намудани инфрасохтор, аз ҷумла таъмири роҳравҳо, ба тартиб даровардани ҷойҳои махсуси фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкорон супоришҳои мушаххас дод. Қайд гардид, ки рушди бозорҳо ва ба талаботи муосир мутобиқ намудани онҳо барои таъмини амнияти озуқаворӣ, дастгирии истеҳсолкунандагони маҳаллӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ аҳамияти муҳим дорад. Дар фарҷоми боздид иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия масъулинро вазифадор намуд, ки камбудиҳои ҷойдошта дар муҳлатҳои кӯтоҳ бартараф гардида, ҷиҳати таъмини хизматрасонии босифат ба аҳолӣ ва ба низом даровардани нарх тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

Новостное изображение

Шиносоии Раиси вилоят муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода бо сохтмони иншоотҳои ҷашнӣ дар ноҳияи Спитамен

Новостное изображение

Оғози кишти картошкаи барвақтӣ ва маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Спитамен Ноҳияи Спитамен аз минтақаҳои кишоварзии вилоят ба ҳисоб рафта, саҳми деҳқонону хоҷагидоронаш дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва фаровонии бозори истеъмолӣ басо назаррас мебошад. 11 феврал бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба кишти картошкаи барвақтӣ дар ноҳия оғоз бахшида шуд. Раиси вилоят ҳамроҳи саҳмдорону хоҷагидорон дар хоҷагии деҳқонӣ ба номи "Б. Комилов" дар кишти картошкаи барвақтӣ иштирок намуда, ҷиҳати ба даст овардани ҳосили баланд дастуру маслиҳатҳои муфид дод. Хоҷагии деҳқонии ба номи "Б.Комилов" дорои 38 гектар замини корам буда, соли ҷорӣ тибқи нақша дар майдони 1 гектар картошка, 26 гектар пахта ва дар боқимондаи замин дигар сабзавоту зироати кишоварзиро кишт мешавад. Зимни муаррифии нақшаи кишти зироатҳои кишоварзӣ дар ноҳияи Спитамен маълумот дода шуд, ки дар ноҳия 10970 гектар замини корами обӣ мавҷуд аст. Аз ин дар майдони 6490 гектар пахта, 120 гектар картошка, 271 гектар сабзавот ва дигар анвои зироати кишоварзӣ кишту парвариш карда мешавад. Соли 2025 заркорони ноҳия пурмасъул заҳмат кашида, ба натиҷаҳои баланд соҳиб гардиданд. Чунончӣ, давоми соли 2025 ба маблағи умумии зиёда аз 834 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардид. Зимни мулоқот бо фаъолон, хоҷагидорон ва раисони ҷамоатҳои деҳот Раиси вилоят таъкид дошт, ки имрӯзҳо бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кишоварзон шароити мусоид фароҳам оварда шуда, деҳқонон аз як қатор имтиёзҳо бархурдор мебошанд. Дар навбати худ масъулинро зарур аст ҷиҳати истифодаи самарноку оқилонаи заминҳо ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ ҷаҳду талош варзанд. Дар ҳамин мавзеъ роҳбари вилоят дар маъракаи шинонидани ниҳол ширкат варзид. Имрӯзҳо маъракаи ниҳолшинонӣ дар тамоми шаҳру навоҳии вилоят оғоз гардида, сокинон барои ободонӣ ва сабзу хуррамгардонии диёр талош меварзанд. Чи тавре иттилоъ дода шуд соли ҷорӣ кишоварзони вилоят нақша доранд 50 гектар боғҳои куҳнаро навсозӣ намоянд. Омили муҳими фарвонҳосили ин дастрасии саривақти ба оиб полезӣ мебошад. Бо ин мақсад дар ноҳияи Спитамен 13 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дошта, имрӯзҳо корҳои таъмирӣ дар ҳамаи онҳо ба роҳ монда шудааст. Зимни шиносоӣ аз пойгоҳи обкашии "Сарбанд" ба Раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки истгоҳи мазкур соли 1986 ба истифода дода шуда, дорои чор агрегат мебошад. Тавассути ин пойгоҳ зиёда аз 2000 гектар заминҳо обёрӣ карда мешавад. Соли 2024 бо дастгириҳои бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин пойгоҳ як агрегати нав васлу насб гардида, иқтидори он боло бардошта шуд. Роҳбари вилоят ҳангоми боздид ба масъулини вилоятӣ ва маҳаллӣ ҷиҳати таъмири сарвақтии тамоми пойгоҳҳои обрасонӣ ва то мавсими баҳории кишт ба пуррагӣ ба кор андохтани агрегатҳо, риояи ҳатмии қоидаҳои бехатарӣ, ободии муҳити атроф ва бинои пойгоҳҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Новостное изображение

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар ноҳияи Спитамен аз ҳоли собиқадорони меҳнат хабар гирифт 11 феврал Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар ноҳияи Спитамен аз ҳоли собақдорони соҳаи маориф Саидниссо Раҳматова ва Мансур Обидӣ хабар гирифт. Саидниссо Раҳматова давоми наздик 30 сол ба ҳайси омӯзгори фанни забони русӣ кор карда, баҳри тарбият шогирдон ва ба камол расонидани насли босаводу ояндасоз заҳмат кашидааст. Мансур Обидӣ аз зумраи омӯзгорони пешқадам ба шумор рафта, умри бобаракати хешро барои рушду пешрафти соҳаи маориф ва тарбияи хонандагон сарф кардааст. Номбурда баробари омӯзгорӣ муаллифи якчанд китобҳо низ мебошад. Ӯ ҳамчун рӯзноманигор дар расонаҳои маҳалливу вилоятӣ фаъолият дошт. Ин омӯзгори фидоии касби хеш то кунун пешаи худро идома дода, шогирдони хешро дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия менамояд. Ҳамасола дастпарваронаш дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи вилоятиву ҷумҳуриявӣ ҷойҳои ифтихориро соҳиб мешаванд. Раиси вилоят зимни мулоқоту ҳолпурсӣ аз дастгириву ғамхориҳои рӯзафзуни Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба собиқадорон ёдовар гашта, саҳми эшонро дар пешрафти ҷомеа назаррас арзёбӣ кард.

Новостное изображение

Мулоқот бо усули «мактаб ба мактаб» дар МТМУ №14 ноҳияи Спитамен Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 ноҳияи Спитамен мулоқот бо усули «мактаб ба мактаб» таҳти мавзуи «Пешгирии зуҳуроти номатлуб миёни наврасону ҷавонон» баргузор гардид. Чорабинӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ ва пешгирии падидаҳои манфӣ дар муҳити таълимӣ роҳандозӣ шуд. Дар мулоқот сардори раёсати маорифи вилоят Гулсара Мирзозода, намояндагони сохторҳои дахлдор, роҳбарият ва омӯзгорони муассиса иштирок намуда, масъалаҳои мубрами вобаста ба пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ, шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ, зӯроварӣ, оворагардӣ, истифодаи нодурусти шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар зуҳуроти номатлубро баррасӣ карданд. Зимни чорабинӣ қайд гардид, ки ҳамкории зичи мактаб бо оила ва ҷомеа омили муҳимми пешгирии рафторҳои ношоиста мебошад. Омӯзгорон таҷрибаи худро дар самти ташкили суҳбатҳои тарбиявӣ, соатҳои синфӣ, вохӯриҳо бо волидон ва ҷалби хонандагон ба маҳфилҳои фаннию фарҳангӣ мубодила намуданд. Ҳамчунин дар доираи барнома: * суҳбату вохӯриҳои озод бо хонандагон баргузор гардид; * масъалаҳои баланд бардоштани масъулияти падару модарон мавриди таҳлил қарор гирифт; * тавсияҳои мушаххас ҷиҳати пурзӯр намудани корҳои тарбиявӣ пешниҳод шуданд. Дар анҷоми мулоқот иштирокчиён таъкид карданд, ки баргузории чунин чорабиниҳо бо усули «мактаб ба мактаб» ба таҳкими таҷрибаи пешқадам ва ҳамоҳангсозии фаъолият дар самти пешгирии зуҳуроти номатлуб мусоидат менамояд.

Новостное изображение

Ҳамоиши маърифатӣ-фарҳангӣ ба муносибати Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез Санаи 11 феврали соли 2026 дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен ва Прокуратураи ноҳия дар Қасри фарҳанг ҳамоиши маърифатӣ - фарҳангӣ бахшида ба 12 феврал - Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез, ки замина барои терроризм мешавад, доир гардид. Дар кори ҳамоиш муовини Раиси ноҳия Дилрабо Раҳимӣ, муфаттиши Прокуратураи ноҳия Сидиқзода Суҳроб, муовини сардори Шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти милии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Шарипов Диловар, муовини сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Комилзода Рустам иштирок намуданд. Дар ҳамоиш инчунин намояндагони соҳаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ, ходимони дин, занон ва ҷавонон, намояндагони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия ширкат варзиданд. Дар суханронии худ баромадкунандагон таъкид доштанд, ки экстремизми хушунатомез падидаест, ки дар зери ниқоби андешаҳои бардурӯғ, шиорҳои фиребанда ва тафсирҳои ифротии арзишҳои динӣ ё идеологӣ зуҳур намуда, пеш аз ҳама зеҳну шуури инсонро ҳадаф қарор медиҳад ва бо роҳи таҳрифи ҳақиқат, костани арзишҳои инсондӯстӣ ва барангехтани кинаву адоват, пояҳои ҳамзистии осоиштаи ҷомеаро суст мегардонад. Ин раванд, агар сари вақт пешгирӣ нагардад, метавонад аз сатҳи андеша ба сатҳи амали хушунатомез гузашта, ба шаклҳои ниҳоят хатарноки терроризм табдил ёбад. Қатъномаи Ассамблеяи Генералии СММ бо таъкид бар зарурати пешгирии саривақтӣ ва ҳамаҷонибаи экстремизм, ҷомеаи ҷаҳониро ба он даъват менамояд, ки мубориза бо ин падида танҳо бо чораҳои амниятӣ маҳдуд нашавад, балки омилҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маърифатие, ки ба паҳншавии чунин андешаҳо мусоидат мекунанд, ба таври амиқ таҳлил ва бартараф гарданд. Зеро маҳз сатҳи пасти маърифати ҳуқуқӣ, нобаробарии иҷтимоӣ, бекорӣ, ноогоҳӣ аз арзишҳои аслии дин ва сустии маънавии ҷомеа метавонанд барои ифротгароӣ заминаи мусоид фароҳам оваранд. Ҳамчунин зикр гардид, ки пешгирии экстремизми хушунатомез, пеш аз ҳама, пешгирии гумроҳии инсон аст ва ин рисолат танҳо дар сурате муваффақ хоҳад шуд, ки ҳар як ниҳод ва ҳар як фарди ҷомеа худро дар ин раванд масъул эҳсос намояд. Мубориза бо экстремизми хушунатомез мубориза барои ҳифзи арзишҳои олии инсонӣ — сулҳ, адолат, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми ҳамдигар мебошад. Танҳо дар сурати муттаҳид сохтани саъю кӯшиши давлат, ҷомеа ва ҳар як шаҳрванд метавон насли имрӯз ва фардоро аз хатарҳои ифротгароӣ эмин нигоҳ дошта, барои ҷомеаи орому устувор ва ояндаи босаодат заминаи боэътимод гузорем. Дар идомаи ҳамоиш барномаи рангини фарҳангӣ, иборат аз сурудҳои ватандӯстона, ки аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳия омода гардидааст, пешкаши иштирокчиёни ҳамоиш гардид.

Новостное изображение

Мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез Дар ноҳияи Спитамен бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез, ки замина барои терроризм мегардад, мизи мудаввар баргузор шуд. Дар чорабинӣ муовини раиси ноҳия Дилрабо Раҳимӣ, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои ҳизбӣ, уламои дин ва фаъолони ҷомеа иштирок намуданд. Зимни ифтитоҳи чорабинӣ муовини раиси ноҳия Дилрабо Раҳимӣ иброз дошт, ки пешгирии ҳама гуна зуҳуроти ифротгароӣ ва экстремизми хушунатомез яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Таъкид гардид, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию сиёсӣ, зиракии ҷомеа ва махсусан ҷавонон дар мубориза бо идеологияи ифротӣ аҳамияти хос дорад. Сипас, муфаттиши Прокуратураи ноҳияи Спитамен Сидиқзода Сӯҳроб баромад намуда, доир ба моҳияти ҳуқуқии экстремизм ва терроризм, сабабу омилҳои паҳншавии онҳо ва ҷавобгарии ҷиноятӣ барои иштирок дар чунин гурӯҳҳо маълумоти муфассал пешниҳод кард. Ӯ таъкид намуд, ки пешгирии ҷиноятҳо танҳо бо ҳамкории зичи мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ самаранок мегардад. Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Муҳаммадӣ Музраф дар суханронии худ нақши ҳизбро дар таҳкими суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва баланд бардоштани маърифати сиёсӣ миёни аҳолӣ муҳим арзёбӣ намуд. Ӯ зикр кард, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарбиявӣ, махсусан миёни ҷавонон, метавонанд ҳамчун омили муассири пешгирии ифротгароӣ хизмат намоянд. Ҳамчунин, сархатиби ноҳия Исмоилзода Баҳодур вобаста ба арзишҳои динии ислом баромад намуда, иброз дошт, ки дини мубини ислом ҳар гуна зӯроварӣ, ифротгароӣ ва терроризмро қатъиян маҳкум менамояд. Ӯ мардумро ба таҳаммулпазирӣ, сулҳдӯстӣ ва эҳтироми қонун даъват кард. Дар фарҷом иштирокчиён доир ба роҳҳои тақвияти корҳои пешгирикунанда, баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ ва ҳамкории муштарак баҳри таъмини амнияту суботи ҷомеа мубодилаи афкор анҷом доданд.

Новостное изображение

Даври минтақавии озмуни «Ватанпарвар» дар ноҳияи Спитамен баргузор гардид Тибқи нақшаи кории Маркази таҳсилоти иловагии вилоят даври минтақавии озмуни ҳарбию ватандӯстонаи «Ватанпарвар» дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и ноҳияи Спитамен баргузор гардид. Озмуни мазкур дар асоси фармоиши Раёсати маорифи вилоят таҳти №7 аз 14 январи соли 2026 доир шуда, ҳадафи асосии он тарғибу ташвиқи ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ миёни хонандагон, таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ, ҷалби ҷавонон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳарбӣ-ҷисмонии онҳо ба ҳисоб меравад. Ин чорабинӣ ҳамзамон бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд. Дар даври минтақавии озмун дастаҳои хонандагони ноҳияҳои Мастчоҳ, Ашт, Деваштич, Спитамен ва шаҳри Истиқлол иштирок намуда, аз рӯйи шартҳои муқарраргардидаи Низомномаи Раёсати маорифи вилоят байни ҳам қувваозмоӣ карданд. Иштирокчиён маҳорати худро дар самтҳои гуногуни ҳарбию варзишӣ, дониши назариявӣ, омодагии ҷисмонӣ ва ҳамоҳангии даставӣ нишон доданд. Ҷои якумро дастаи ноҳияи Спитамен, ҷои дуюмро дастаи ноҳияи Мастчоҳ ва ҷои сеюмро дастаи ноҳияи Деваштич соҳиб гардиданд. Дастаҳои ғолиб бо дипломҳо ва сипосномаҳои ифтихорӣ қадрдонӣ карда шуданд. Қобили зикр аст, ки баргузории чунин озмунҳо дар тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва омодагӣ ба ҳифзи марзу буми кишвар нақши муҳим дошта, ба таҳкими робитаҳои дӯстона миёни хонандагони минтақаҳо мусоидат менамояд.

Новостное изображение

Машварати корӣ: вазифаҳо ҷиҳати таҳкими фаъолият Тибқи нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷаласаи навбатии назоратӣ таҳти раёсати иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Спитамен Ҷӯразода Ҷамшед баргузор гардид. Дар кори ҷаласа муовини якум ва дигар муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони ташкилоту идораҳои соҳаи кишоварзӣ, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ҳамчунин намояндагони Ассотсиатсияи истифодабарандагони об, масъулини Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд. Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, ҳисоботи масъулини соҳаи кишоварзӣ оид ба вазъи корҳои кишоварзӣ, омодагӣ ба кишти баҳории зироатҳо, аз ҷумла пахта, картошка ва дигар зироатҳо, инчунин масъалаҳои истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, ҳолати таъмири насосҳои обкашӣ, тоза кардани каналу заҳбурҳо ва заҳкашҳо шунида шуд. Дар идома ҳисоботи комиссари ҳарбии ноҳия оид ба рафти омодагӣ ва тадбирҳои марбут ба даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2026 мавриди муҳокима қарор гирифта, вобаста ба фаъолияти сохторҳо иҷрои дастуру супоришҳои қаблӣ баррасӣ шуданд. Иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳия Ҷӯразода Ҷамшед пас аз шунидани ҳисоботҳо ба масъулин ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо, тақвияти назорат аз болои корҳои кишоварзӣ, таъмини саривақтии кишти баҳорӣ, инчунин ташкили босамари корҳои даъвати ҳарбӣ супоришҳои мушаххас дод. Дар фарҷоми ҷаласа таъкид гардид, ки иҷрои саривақтӣ ва босифати вазифаҳо, истифодаи оқилонаи захираҳо ва ҳамкории зичи сохторҳои марбута омили асосии пешрафти иҷтимоиву иқтисодии ноҳия ба ҳисоб меравад.

Новостное изображение

Машқи пагоҳирӯзии ҷавонон дар маркази ноҳияи Спитамен Дар маркази ноҳияи Спитамен бо ташаббуси ҷавонони фаъол машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинии солимгардонӣ даҳҳо нафар ҷавонон, варзишгарон ва ҳаводорони тарзи ҳаёти солим иштирок намуданд. Машқи пагоҳирӯзӣ дар майдони марказии ноҳия баргузор шуда, иштирокчиён зери роҳбарии мураббиёни соҳаи варзиш ба иҷрои машқҳои ҷисмонӣ, дави сабук, ҳаракатҳои умумии солимгардонӣ ва машқҳои таҳкимбахши бадан машғул шуданд. Ҳадафи асосии баргузории ин чорабинӣ тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби ҷавонон ба варзиш ва баланд бардоштани сатҳи омодагии ҷисмонии онҳо арзёбӣ мегардад. Ташаббускорон иброз доштанд, ки чунин машқҳои пагоҳирӯзӣ дар доираи сиёсати давлатии ҷавонон ва варзиш баргузор гардида, барои пешгирии бемориҳо, таҳкими саломатӣ ва рушди маънавию ҷисмонии ҷавонон мусоидат менамояд. Инчунин зикр гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳо ҳисси ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстӣ ва масъулиятшиносиро дар байни ҷавонон тақвият мебахшад. Қобили зикр аст, ки дар ноҳияи Спитамен тайи солҳои охир ба рушди соҳаи варзиш ва ҷалби ҷавонон ба машғулиятҳои ҷисмонӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардида, чунин иқдомҳо ҳамчун омили муҳими тарбияи насли солиму фаъол арзёбӣ мешаванд.

Новостное изображение

Вусъати корҳои сохтмонӣ дар бинои иловагии МТМУ √3 вокеъ дар шаҳраки Навкат P.s. Лоиҳаи сохтмони бинои иловагӣ дар акси охир таҷассум ёфтааст

Новостное изображение

Вусъати корҳои сохтмонӣ дар бинои иловагии МТМУ √3 вокеъ дар шаҳраки Навкат P.s. Лоиҳаи сохтмони бинои иловагӣ дар акси охир таҷассум ёфтааст

Новостное изображение

Мулоқоти роҳбарияти ноҳияи Спитамен бо сокинони шаҳраки Навкат Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Спитамен Ҷамшед Ҷӯразода ҳамроҳ бо роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо сокинони шаҳраки Навкат мулоқот баргузор намуд. Дар оғози мулоқот муовини раиси ноҳияи Спитамен Дилрабо Раҳимӣ баромад намуда, нуктаҳои калидӣ ва самтҳои афзалиятноки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олӣ мавриди шарҳу тавзеҳ қарор дод. Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки Паёми Сарвари давлат ҳамчун ҳуҷҷати муҳими стратегӣ рушди минбаъдаи кишварро дар самтҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маориф, тандурустӣ ва таъмини амнияти ҷомеа муайян менамояд. Ҳамчунин, раиси Суди ноҳияи Спитамен Раҳимзода Заррина оид ба масъалаҳои риояи қонун, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва пешгирии қонуншиканӣ суханронӣ намуд. Прокурори ноҳияи Спитамен Султонзода Тоҷиддин доир ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳамкории аҳолӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ибрози назар кард. Сардори раёсати маорифи вилояти Суғд Мирзозода Гулсара низ баромад намуда, ба масъалаҳои рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани сифати таҳсил, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Дар фарҷоми мулоқот иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Спитамен Ҷамшед Ҷӯразода суханронӣ карда, таъкид намуд, ки чунин мулоқотҳо барои таҳкими робитаи мақомоти давлатӣ бо мардум, шунидани мушкилоти сокинон ва дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо аҳамияти муҳим доранд. Ӯ ҳамчунин сокинонро ба саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ, риояи қонун ва дастгирии ташаббусҳои давлату Ҳукумат даъват намуд. Ҳамзамон, дар фарҷоми сафар иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Спитамен Ҷамшед Ҷӯразода собикадори соҳаи хизмати давлатӣ Ҷӯраев Усмонҷонро аёдат намуда, аз дастгириҳои Роҳбари олии кишвар таъкид намуд. Гуфта шуд, ки собиқадорон ҳамеша дар меҳвари таваҷҷӯҳ қарор дошта, ҷиҳати дастгирӣ ва ғамхорӣ ба онҳо тадбирҳои зарурӣ анҷом дода мешавад.

Новостное изображение

Мулоқоти роҳбарияти ноҳияи Спитамен бо сокинони Ҷамоати деҳоти Тағояк Бо мақсади таҳкими робитаи мустақим бо аҳолӣ, шарҳу тавзеҳи сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баррасии масъалаҳои рӯзмарраи сокинон, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Спитамен Ҷамшед Ҷӯразода ҳамроҳ бо роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти дахлдор бо сокинони Ҷамоати деҳоти Тағояк мулоқоти судманд баргузор намуд. Дар ҷараёни мулоқот муовини раиси ноҳияи Спитамен Дилрабо Раҳимӣ баромад намуда, нуктаҳои калидӣ ва самтҳои афзалиятноки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олӣ шарҳ дод. Зикр гардид, ки Паёми навбатӣ ҳамчун санади муҳимми роҳнамо тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодии кишварро фаро гирифта, барои рушди устувор, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, таҳкими қонуният ва таъмини амнияти ҷомеа заминаи мустаҳкам мегузорад. Ҳамчунин, раиси Суди ноҳияи Спитамен Раҳимзода Заррина оид ба масъалаҳои риояи қонунгузорӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва масъулияти шаҳрвандӣ дар ҷомеа суханронӣ намуда, сокинонро ба эҳтироми қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ даъват кард. Сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен Содиқзода Ҳотамшо низ баромад намуда, доир ба пешгирии ҷинояткорӣ, тақвияти ҳамкории милитсия бо аҳолӣ ва саҳми шаҳрвандон дар таъмини суботу амнияти ҷомеа андешаҳои худро баён намуд. Дар фарҷоми мулоқот иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Спитамен Ҷамшед Ҷӯразода баромад карда, аҳамияти татбиқи самараноки дастуру супоришҳои Пешвои миллатро таъкид намуд. Таъкид гардид, ки иҷрои босифат ва саривақтии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи аввалиндараҷаи ҳамаи мақомоти давлатӣ ва ҳар як сокини кишвар буда, танҳо бо заҳмати муштарак метавон ба рушди устувор ва пешрафти ҷомеа ноил гардид. Дар идомаи сафар, дар доираи таваҷҷуҳ ба қишрҳои гуногуни ҷомеа ва арҷгузорӣ ба заҳмати собиқадорон, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Спитамен Ҷамшед Ҷӯразода аз ҳолу аҳволи собиқадори соҳаи кишоварзӣ хабар гирифта, аёдат намуд. Зимни суҳбат хизматҳои шоистаи собиқадор дар рушди соҳаи кишоварзӣ қадрдонӣ гардида, ба ӯ таманниёти нек ва саломатии бардавом изҳор карда шуд.

Новостное изображение

Мулоқоти судманд дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 бо усули «Мактаб ба мактаб» Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и ноҳияи Спитамен бо усули «Мактаб ба мактаб» мулоқоти судманд баргузор гардид. Мулоқот бо ҳадафи тақвияти ҳамкории соҳаҳои марбута, баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсӣ ва тарбияи насли наврас роҳандозӣ карда шуд. Дар чорабинии мазкур муовини раиси ноҳия Дилрабо Раҳимӣ, мудири шуъбаи маорифи ноҳия Абдувализода Саодат, мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Кенҷабоева Нилуфар, инчунин намояндаи КАТС-и ноҳия Маҳмудова Хадичахон иштирок намуда, вобаста ба самтҳои фаъолияташон суханронӣ карданд. Зимни мулоқот муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ мавриди шарҳу тавзеҳ қарор гирифт. Баромадкунандагон зикр намуданд, ки Паёми Пешвои миллат ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз самтҳои асосии рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, маориф, тандурустӣ ва сиёсати давлатии ҷавонону занонро муайян намуда, барои ҳар як шаҳрванди кишвар дастури амал ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон, дар ҷараёни мулоқот масоили муҳими таълиму тарбия, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд, пешгирии зуҳуроти номатлуб миёни наврасону ҷавонон, аз ҷумла ҷинояткорӣ, нашъамандӣ ва ифротгароӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Таъкид гардид, ки танҳо бо ҳамкории зичи муассисаҳои таълимӣ, оила ва ҷомеа метавон насли солиму худогоҳро тарбия намуд. Инчунин, масъалаи ҷалби бештари хатмкунандагон ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар ва баланд бардоштани завқи ҷавонон ба илмомӯзӣ мавриди таваҷҷуҳи хоса қарор гирифт. Иштирокчиён ҷавононро ба истифодаи самараноки имкониятҳои фароҳамовардаи давлат дар соҳаи маориф ва таҳсилоти олӣ ҳидоят намуданд.

Новостное изображение

Мулоқоти роҳбарияти ноҳияи Спитамен бо сокинони Ҷамоати деҳоти Хуррамзамин Дар Ҷамоати деҳоти Хуррамзамин мулоқоти навбатии роҳбарияти ноҳияи Спитамен бо сокинон баргузор гардид. Дар вохӯрӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Спитамен Ҷамшед Ҷӯразода, сардори шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Асадуллоев Ҳикматулло, муовини раиси ноҳия Дилрабо Раҳимӣ, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, фаъолон ва сокинони маҳаллӣ иштирок намуданд. Зимни мулоқот иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Ҷамшед Ҷӯразода вобаста ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ суханронӣ намуда, таъкид кард, ки Паём ҳамчун ҳуҷҷати муҳими роҳнамо самтҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии кишварро муайян мекунад. Ӯ иброз дошт, ки татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар сатҳи маҳал кафолати беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, таҳкими суботи ҷомеа ва рушди устувори минтақа мебошад. Ҳамчунин, сардори шуъбаи КДАМ ҶТ дар ноҳияи Спитамен Асадуллоев Ҳикматулло баромад намуда, масъалаҳои марбут ба таъмини амнияти миллӣ, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба гурӯҳҳои ифротгаро, мубориза бо ҷинояткорӣ ва дигар падидаҳои номатлубро мавриди баррасӣ қарор дод. Ӯ сокинонро ба зиракии сиёсӣ, эҳтиром ба қонун ва ҳамкории зич бо мақомоти давлатӣ даъват намуд. Муовини раиси ноҳия Дилрабо Раҳимӣ дар баромади худ ба масъалаҳои иҷтимоӣ, тарбияи дурусти наврасону ҷавонон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва нақши оила дар пешгирии омилҳои манфӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Зикр гардид, ки танҳо бо ҳамгироии ҷомеа ва масъулияти шаҳрвандӣ метавон муҳити солим ва амну осоиштаро таъмин кард. Дар фарҷоми мулоқот сокинон имконият пайдо карданд, ки саволу пешниҳодҳои худро иброз намоянд. Роҳбарияти ноҳия ба ҳамаи муроҷиатҳо таваҷҷуҳ зоҳир намуда, иброз дошт, ки масъалаҳои матраҳшуда дар доираи қонунгузорӣ баррасӣ ва барои ҳалли онҳо тадбирҳои мушаххас андешида хоҳанд шуд.

Новостное изображение

Мулоқот бо сокинони Ҷамоати деҳоти Куруш: шарҳу тавзеҳи Паём ва баррасии масъалаҳои мубрами ҷомеа Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Спитамен Ҷамшед Ҷӯразода ҳамроҳ бо роҳбарони сохторҳои қудратӣ санаи 22-январ бо сокинони Ҷамоати деҳоти Куруш мулоқоти судманд анҷом дод. Мақсад аз баргузории ин мулоқот расонидани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин баррасии масъалаҳои мубрами ҳаёти иҷтимоию иқтисодии ҷамоат арзёбӣ мегардад. Дар ҷараёни мулоқот муовини раиси ноҳияи Спитамен Дилрабо Раҳимӣ баромад намуда, нуктаҳои асосӣ ва самтҳои афзалиятноки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба сокинон шарҳ дод. Таъкид гардид, ки Паём ҳамчун ҳуҷҷати муҳими стратегӣ рушди устувори иқтисоди миллӣ, таҳкими соҳаҳои иҷтимоӣ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ ва тарбияи насли солимро дар меҳвар қарор медиҳад. Ҳамчунин, раиси Суди ноҳияи Спитамен Раҳимзода Заррина вобаста ба нуктаҳои Паём дар самти фаъолияти мақомоти судӣ маърӯза намуда, иброз дошт, ки таъмини адолати судӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷаи соҳа ба ҳисоб мераванд. Сипас, сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен Содиқзода Ҳотамшо баромад намуда, оид ба пешгирии зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла ҷинояткорӣ, ифротгароӣ, нашъамандӣ ва дигар қонуншиканиҳо сухан ронд. Ӯ сокинонро ба риояи қонун, таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳамкории зич бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ даъват намуд. Дар фарҷоми мулоқот иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Спитамен Ҷамшед Ҷӯразода баромад намуда, зарурати татбиқи самараноки дастуру супоришҳои Пешвои миллатро таъкид кард. Ӯ иброз дошт, ки ҳамаи сохторҳои маҳаллӣ бояд ҷиҳати амалӣ намудани нуктаҳои Паём, вусъати корҳои ободонию созандагӣ, рушди инфрасохтор ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ фаъолияти худро боз ҳам тақвият бахшанд. Дар идомаи сафари корӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Спитамен Ҷамшед Ҷӯразода ҳамзамон аз сокини Ҷамоати деҳоти Куруш, собиқадори соҳаи кишоварзӣ Қарабоева Истамой аёдат намуда, аз хизматҳои арзандаи ӯ дар рушди соҳаи кишоварзӣ таъкид намуд. Зимни суҳбат ҳолу аҳволи собиқадор пурсида шуда, ба ӯ саломатӣ ва рӯзгори осуда таманно карда шуд.

Новостное изображение

Спитамен: 21 ҳазору 500 оила соҳиби "Шоҳнома" гардиданд Дар ноҳияи Спитамен аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Спитамен Ҷамшед Ҷӯразода ва намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Рашидов тӯҳфаи арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, асари безаволи Абулқосим Фирдавсӣ — «Шоҳнома» ба як гурӯҳ собиқадорон, ҷавонони фаъол, зиёиён, аз ҷумла гирандагони стипендияи Президентӣ тақдим карда шуд. Дар ҷараёни чорабинӣ таъкид гардид, ки «Шоҳнома» на танҳо як асари адабӣ, балки ганҷинаи бузурги маънавӣ, таърихӣ ва ахлоқӣ буда, наслҳои гуногунро ба роҳи инсондӯстӣ, адолат, шуҷоат ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳидоят менамояд. Масъулон зикр намуданд, ки таваҷҷуҳ ба мутолиаи осори классикӣ, бахусус «Шоҳнома», дар тарбияи маънавии ҷавонон нақши калидӣ дорад. Маврид ба зикр аст, ки дар доираи ин ташаббус дар маҷмӯъ ба 21 ҳазору 500 оила дар ноҳияи Спитамен китоби «Шоҳнома» дастрас карда шуданд. Ин иқдом ҳамчун як қадами муҳими фарҳангӣ арзёбӣ гардида, ба болоравии сатҳи маърифати аҳолӣ ва густариши фарҳанги китобхонӣ мусоидат менамояд. Сокинон ва иштирокдорони чорабинӣ барои таваҷҷуҳ ва дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эҳё ва тарғиби мероси адабии ниёгон изҳори миннатдорӣ намуда, чунин иқдомҳоро омили таҳкими ваҳдати миллӣ ва худогоҳии ҷомеа арзёбӣ карданд. Гуфта шуд, ки минбаъд низ дар ноҳия баргузории чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ идома ёфта, ҷалби бештари ҷавонон ба мутолиаи китоб ва омӯзиши осори классикӣ дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор хоҳад дошт.

Новостное изображение

Натиҷагирӣ аз рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Спитамен барои соли 2025 Санаи 13 январи соли 2026 дар ноҳияи Спитамен таҳти раёсати иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Ҷамшед Ҷӯразода ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия барои соли 2025 баргузор гардид. Дар ҷаласа намояндаи Суди Олии иқтисодӣ Асрорзода Зуҳуриддин ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Тоҳир Толибзода иштирок намуданд. Муовини якуми раиси ноҳия Ҷовид Муҳаммадназар ҳисобот дода, дар бораи дастовардҳо ва пешравиҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳия барои соли гузашта маълумот дод. Таъкид гардид, ки соли 2025 барои ноҳияи Спитамен як соли муҳим дар рушди соҳаҳои гуногун буд. Дар соҳаи кишоварзӣ барои афзоиши истеҳсоли маҳсулот ва рушди корхонаҳои хурд тадбирҳои ҷиддӣ андешида шуданд. Хусусан, таваҷҷӯҳи махсус ба беҳтар кардани истеҳсоли маҳсулот ва афзоиши таъсиси корхонаҳо, ки бо истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ машғуланд, равона гардид. Дар ҳамин замина, барои ҷалби сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ низ тадбирҳои назаррас андешида шуданд. Дар интиҳо, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Спитамен Ҷамшед Ҷӯразода натиҷаҳои зикршударо таҳлил намуда, афзуд, ки мақсад дар оянда ҳамчунон баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, таъмини рушди устувор ва рушди бахшҳои иқтисодӣ бо таваҷҷӯҳ ба нигоҳубини муҳити зист ва беҳтар кардани шароити иҷтимоӣ мебошад.

Новостное изображение

Муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Спитамен. 7 январи соли 2026 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия баргузор гардид. Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни суҳбат бо фаъолони ноҳия иттилоъ дод, ки мутобиқи Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Темурҷон Нуъмонзода бинобар ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Спитамен озод гардида, Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Спитамен таъин шудааст. Зимни муаррифӣ иттилоъ дода шуд, ки Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло 15 июни соли 1971 таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ буда, доктори илмҳои таърих, профессор мебошад. Номбурда солҳои зиёд дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон фаъолият кардааст. Солҳои 2000–2003 ба ҳайси мудири шуъбаи корҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ, алоқа бо ташкилотҳои ҷамъиятию сиёсӣ ва робитаҳои байналмилалии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, солҳои 2003–2005 муовини мудири шуъбаи масоили иҷтимоӣ-фарҳангӣ, робита бо созмонҳои ҷамъиятию сиёсӣ ва муносибатҳои байнимиллии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд фаъолият намудааст. Солҳои 2012–2017 дар вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, солҳои 2017–2022 дар вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, солҳои 2022–2025 дар вазифаи муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Аз соли 2025 то имрӯз Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло дар вазифаи муовини Раиси вилояти Суғд фаъолият дошта, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Спитамен таъин гардид. Дар анҷоми мулоқот Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия дар фаъолияти минбаъда барору муваффақият орзу намуда, таъкид кард, ки роҳбарияти ноҳия бояд ҷиҳати татбиқи самараноки сиёсати давлатӣ, рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ тадбирҳои муассир андешад.

Новостное изображение

Мулоқоти гурӯҳи корӣ дар МТМУ √31 Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31 ноҳияи Спитамен мулоқоти гурӯҳи кории соҳаи иҷтимоӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ, ки бо мақсади баррасии масъалаҳои муҳими иҷтимоии ҷомеа ташкил шуда буд, муовини раиси ноҳия, Дилрабо Раҳимӣ иштирок ва суханронӣ намуд. Дар рафти мулоқот, муҳтавои қонунҳои миллӣ, пешгирии ифротишавии ҷавонон, мубориза бо таҳдидҳои муосир ва зуҳуроти номатлуб мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Муовини раиси ноҳия Дилрабо Раҳимӣ ба иштирокчиён оид ба аҳамияти риояи қонунҳо ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ ибрози назар намуд. Мавсуф таъкид намуд, ки чунин мулоқотҳо барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон ва пешгирии зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа муҳим мебошанд. Гуфта шуд, ки ҳамкории фаъолонаи тамоми сохторҳо ва ҷомеа дар ин самт зарур аст.

Новостное изображение

Раиси ноҳияи Спитамен Темурҷон Нӯмонзода кормандони нозироти андозро бо иди касбӣ табрик гуфт Дар толори нозироти андози ноҳияи Спитамен ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи кормандони соҳаи андоз баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ раиси ноҳия Темурҷон Нӯмонзода ширкат варзида, кормандони ин ниҳодро бо иди касбӣ самимона табрик намуд. Темурҷон Нӯмонзода зимни суханронии худ нақши муҳими кормандони андозро дар таъмини буҷети давлатӣ ва рушди иқтисоди маҳаллӣ таъкид карда, изҳор дошт, ки фаъолияти соҳаи андоз бевосита ба пешрафти иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар замина мегузорад. Ӯ бо қаноатмандӣ зикр кард, ки кормандони нозироти андози ноҳия бо масъулиятшиносӣ ва садоқат ба Ватан вазифаҳои худро иҷро мекунанд. Раиси ноҳия инчунин аз ташаббусҳои нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти такмили низоми андоз ва рақамигардонии хизматрасониҳои давлатӣ ёдовар шуда, саҳми кормандони маҳаллӣ дар татбиқи ин ислоҳотро шоистаи таҳсин донист. Дар охир, Темурҷон Нӯмонзода ба як қатор кормандони фаъол ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуда, ба ҳамаи иштирокчиён барору комёбиҳо орзу намуд.

Новостное изображение

Машварати кории назди раиси ноҳияи Спитамен Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия машварати кории назди раиси ноҳия доир гардид. Дар машварати корӣ муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту идораҳо, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, раисони Ассотсиатсияи истифодабарандагони об ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд. Дар машварати корӣ масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Муаррифии кадри нав ба вазифа таъингардида; Ҳисоботи муовини якуми Раиси ноҳия оид ба фаъолияти соҳа дар чор моҳи соли 2025; Ҳисоботи сардори Раёсати кишоварзии ноҳия вобаста ба вусъат додани корҳои кишоварзӣ, аз ҷумла ҳолати иҷрои дурнамои кишти пунбадона ва риояи структураи кишт аз ҷониби хоҷагиҳои кишоварзӣ; Масъалаҳои ҷорӣ. Иттилоъ дода шуд, ки дар асоси фармоиши директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 апрели соли 2025, таҳти №28 Абдумаликов Акмал Абдумаликович ба мансаби сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен таъин гардидааст. Дар идомаи машварат аз рӯйи масъалаи дуюм муовини якуми Раиси ноҳия Муҳаммадназар Ҷовид ва аз рӯйи масъалаи сеюм сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Бекназаров Бобомурод гузориш доданд. Раиси ноҳия Темурҷон Нӯмонзода масъулинро пурсиш намуда, вазъифаъолияти соҳа дар чор моҳи соли 2025, вусъат додани корҳои кишоварзӣ, аз ҷумла ҳолати иҷрои дурнамои кишти пунбадона ва риояи структураи кишт аз ҷониби хоҷагиҳои кишоварзиро мавриди таҳлил қарор дод. Бо вазифагузорӣ ҷиҳати таҳкими фаъолият машварат анҷом пазируфт.

Новостное изображение

Мулоқоти гурӯҳи корӣ бо хонандагони синфҳои болоӣ дар МТМУ №27 ноҳияи Спитамен Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №27 ноҳияи Спитамен мулоқоти гурӯҳи корӣ бо иштироки хонандагони синфҳои болоӣ баргузор гардид. Ин чорабинӣ бо ҳадафи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, ватандӯстӣ ва худшиносии хонандагон, инчунин тарғиби арзишҳои миллӣ ва фарҳангии мардуми тоҷик баргузор шуд. Дар мулоқот намояндагони мақомоти маҳаллӣ, кормандони бахши маориф, омӯзгорони соҳибтаҷриба ва аъзои гурӯҳи корӣ иштирок намуданд. Дар ҷараёни мулоқот мавзуъҳои муҳими рӯз, аз ҷумла пешгирии ҷинояткорӣ миёни ҷавонон, истифодаи дурусти вақт, ахлоқи ҳамида, нақши ҷавонон дар рушди ҷомеа ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Хонандагон бо шавқу завқ ба суҳбат ҷалб гардида, бо саволҳои худ ба масъулин муроҷиат карданд ва ҷавобҳои муфассал гирифтанд. Дар анҷоми вохӯрӣ масъулин иброз доштанд, ки чунин мулоқотҳо дар оянда низ идома хоҳанд ёфт, то ки робитаи самараноки муассисаҳои таълимӣ бо сохторҳои дахлдор боз ҳам мустаҳкам гардад.

Новостное изображение

Мулоқоти гурӯҳи кории соҳаи иҷтимоӣ дар МТМУ №28 Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28-и ноҳияи Спитамен мулоқоти гурӯҳи кории соҳаи иҷтимоӣ бо хонандагон, омӯзгорон ва кормандони муассиса баргузор гардид. Ин вохӯрӣ дар доираи татбиқи усули “мактаб ба мактаб” ташкил гардида, ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷомеа, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва таҳкими муносибатҳои иҷтимоӣ дар байни наврасон ва ҷавонон мебошад. Дар ин мулоқот мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен Кенҷабоева Нилуфар иштирок ва суханронӣ намуд. Мавсуф дар баромади худ доир ба нақши зан дар ҷомеа, пешгирии зӯроварӣ дар оила, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва дигар масоили муҳими иҷтимоӣ андешаҳои худро баён намуд. Ҳамзамон, намояндагони соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва ҷавонон низ дар бораи мавзуъҳои марбут ба фаъолияти худ суханронӣ карда, ба саволҳои хонандагон посухҳои мушаххас доданд. Онҳо таъкид карданд, ки ҷавонон бояд дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ тарбия ёбанд. Мулоқот бо мубодилаи афкор ва пешниҳодҳои судманд ба анҷом расид.

Новостное изображение

Истиқболи ғолибони олимпиадаи Ҷумҳуриявӣ байни хонандагони 5-6 Камоли одамӣ дар илм бошад! Фатҳи қуллаҳои дониш, зафари нав муборак бошад, кӯдакони хушбахти боғи Истиқлол! Хурсандиву хушнудии аҳли зиёи ноҳияи Спитамен беҳадду канор аст, зеро ғалабаи илм, музаффарияту муваффақияти насли наврас дар олимпиадаи даври ниҳоӣ назаррас аст, 37 нафар иштирок намуда 30 нафар соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гаштанд. Кӯдакони соҳибмаърифатро дар майдони Парчами давлатӣ муовини Раиси ноҳия Раҳимӣ Дилрабо ва масъулини соҳа, волидон, омӯзгорон қабул карда муборакбод намуданд.

Новостное изображение

Суратгузориш аз рафти мулоқоти Раиси ноҳияи Спитамен Темурҷон Нӯъмонзода бо донишҷӯёни донишгоҳҳои олии вилояти Суғд

Новостное изображение

Маросими супоридани экскаватор ба Асотсатсияи истифодабарандагони оби Бобоеви Ҷамоати деҳоти Тағояк бо иштироки Файзулло Қосимӣ, муовини раиси вилоят ва Зураб Джингарадзе, мененҷери миллии барномаи захираи оби ташкилоти байналхалқӣ

Новостное изображение

Вусъати омадагиҳо ба ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси ноҳияи Спитамен Темурҷон Нӯмонзода бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муассисаҳои соҳаи фарҳанг, тандурустӣ ва варзиш боздид намуд. Дар доираи ин ташаббус ҷиҳати омодагӣ ба ҷашни муҳими миллӣ корҳои ободонӣ ва беҳбудии шароити хизматрасонӣ дар муассисаҳои мазкур баррасӣ гардиданд. Темурҷон Нӯмонзода зимни боздид бо роҳбарону кормандони муассисаҳо суҳбат намуда, ба онҳо дастуру тавсияҳои судманд дод, ки барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва ҷалби бештари сокинон ба чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ мусоидат хоҳад кард. Ҳамзамон, Раиси ноҳия таъкид намуд, ки таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бояд бо иштироки васеи аҳолӣ ва дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардад. Ташаббуси мазкур дар доираи омодагиҳо ба ҷашни миллӣ идома ёфта, дар оянда низ чорабиниҳои гуногун барои фароҳам овардани фазои идона ва тарғиби арзишҳои миллӣ баргузор хоҳанд шуд.

Новостное изображение

Маҷлиси фаъолони ноҳия оид ба ҷамъбастии рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар семоҳаи якуми соли 2025 Дар асоси нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар семоҳаи якуми соли 2025 баргузор гардид. Дар маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар семоҳаи якуми соли 2025 намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари дастгоҳи Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Бахтиёр Самадзода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, раиси кумитаи идораи замини вилоят Тоҳир Толибзода иштирок намуданд. Ҳамчунин, дар маҷлиси ҷамъбастӣ муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, масъулини соҳаи кишоварзӣ, раисони Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об, роҳбарони муассисаҳои соҳаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ, занон, ҷавонон, имомхатибон, раисони кумитаи маҳаллаҳо, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ ва дигар шахсони масъул таклиф шудаанд ва дар толор ширкат доштанд. Раиси ноҳия Темурҷон Нӯмонзода маҷлисро ифтитоҳ бахшида, иттилоъ дод, ки ба баррасии маҷлиси фаъолон як масъала – «Ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар семоҳаи якуми соли 2025 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда» пешниҳод карда мешавад. Аз рӯи масъалаи рӯзнома – оид ба нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар семоҳаи якуми соли 2025 сухан ба муовини якуми Раиси ноҳия Муҳаммадназар Ҷовид вогузор гардид. Таъкид гардид, ки аз ҷониби Ҳукумати кишвар ба рушди соҳаи саноат эътибори аввалиндараҷа дода шуда, дар ин самт солҳои 2022 – 2026 “Солҳои рушди саноат” эълон гардидааст. Қайд бояд намуд, ки дар семоҳаи якуми соли 2025 рушди соҳаи саноати ноҳия ба андозаи 92,3 фоиз таъмин гардиду халос. Сабаби иҷро нагардидани нақшаи соҳаи саноат дар давраи ҳисоботӣ дар чист? Иттилоъ дода шуд, ки дар давраи семоҳаи якуми соли 2025 нақшаи қисми даромади буҷети ноҳия ба маблағи 33 млн. 914,2 ҳазор сомонӣ, ё ин ки 100 фоиз таъмин гардид. Дар идома зикр шуд, ки имрӯз дар қаламрави кишвар маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бомаром ҷараён дорад. Ҳолати иҷрои нақшаи даъват дар ноҳия мавриди таҳлил қарор гирифт. Ҷиҳати муҳокимаи масъалаи рӯзнома муовинони Раиси ноҳия Исломзода Баҳодур ва Дилрабо Раҳимӣ суханронӣ намуданд. Дар идома намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари дастгоҳи Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Самадзода Бахтиёр ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, раиси Кумитаи идораи замини вилоят Тоҳир Толибзода суханронӣ намуда, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо ва таъмини дастовардҳои назаррас дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Бо вазифагузорӣ дар назди масъулин маҷлиси ҷамъбастии рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар семоҳаи якуми соли 2025 ба охир расид.

Новостное изображение

Мулоқот: таҳкими маърифат ва сатҳи тарбияи ҷавонон Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии √25 воқеъ дар деҳаи Иттифоқи ҷамоати деҳоти Тағояк мулоқот бо иштироки муовини раиси ноҳия Дилрабо Раҳимӣ, мудири шуъбаи маорифи ноҳия Бекмуродзода Малоҳат ва намояндагони бахши кор бо занон, ҷавонон ва варзиш баргузор гардид. Мулоқот бо мақсади баррасии мӯҳтавои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби ҷавонон ба омӯзиши илму дониш ташкил карда шуд. Дар рафти мулоқот, иштирокчиён ба муҳокимаи масъалаҳои муҳим, аз ҷумла пешгирии ҳодисаҳои номатлуб ва ташвиқи фарҳанги омӯзиш ва донишандӯзӣ миёни ҷавонон пардохтанд. Муовини раиси ноҳия Дилрабо Раҳимӣ дар суханронии худ таъкид намуд, ки ҷавонон бояд бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда, ба таҳсил ва рушди шахсӣ диққати бештар диҳанд. Вай инчунин изҳор дошт, ки давлат барои рушди маориф ва дастгирии ҷавонон тамоми шароитҳоро фароҳам овардааст. Мудири шуъбаи маорифи ноҳия Бекмуродзода Малоҳат низ дар суханронии худ ба аҳамияти омӯзиш ва нақши он дар ташаккули шахсият ва ояндаи ҷавонон ишора кард. Номбурда гуфт, ки танҳо бо дониш ва илму маърифат метавонем ба пешрафти ҷомеа мусоидат намоем. Намояндагони бахши кор бо занон, ҷавонон ва варзиш низ фикру мулоҳизаҳои худро оид ба ҷалби ҷавонон ба фаъолиятҳои созанда иброз намуданд. Онҳо пешниҳод карданд, ки барномаҳои гуногуни фарҳангӣ ва варзишӣ барои ҷалби бештари ҷавонон ташкил карда шаванд. Чунин мулоқот силсилавӣ буда, дар назар аст, ки бо усули мактаб ба мактаб дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия роҳандозӣ мешавад.

Новостное изображение

Дар ноҳияи Спитамен 6490 гектар пахта кишт мешавад Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Спитамен бо рафти кишти пахта шинос гардид. Раҷаббой Аҳмадзода дар заминҳои ширкати «Спитамен Текстайлз» ба кишти пунбадона оғоз бахшид. Соли ҷорӣ ширкати мазкур дар масоҳати 2200 гектар пахта кишт мекунад. Барои ба даст овардани ҳосили босифат навъҳои тухмии ба минтақа мутобиқ ва серҳосил истифода мешаванд. Дар маҷмӯъ, соли ҷорӣ дар ноҳияи Спитамен дар масоҳати 6490 гектар пахта кишт шуда, масъулон талош доранд, ки киштро сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом расонанд. Ноҳияи Спитамен яке аз ноҳияҳои пахтакори вилояти Суғд ба шумор меравад ва риояи қоидаҳои агротехникӣ замина барои гирифтани ҳосили дилхоҳ хоҳад шуд. Раиси вилоят зимни суҳбат ба масъулин ва деҳқонон барои сари вақт ба анҷом расонидани кишти пахта супоришҳо дод. Дар идома, Раиси вилоят аз ҳоли собиқадорони меҳнат Бегмурод Боймуродов ва Сиддиқ Ҷабборов хабар гирифта, ба онҳо сиҳатмандӣ ва умри дароз орзу кард. Бегмурод Боймуродов 74 сол дошта, 42 сол дар соҳаи маориф фаъолият намудааст. Сиддиқ Ҷабборов бошад собиқадори соҳаи мелиоратсия буда, таҷрибаи 50-солаи касбӣ дорад.

Новостное изображение

Оғози сохтмони бинои иловагии таълимӣ дар ноҳияи Спитамен 14 апрели соли равон дар ноҳияи Спитамен бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 оғоз бахшида шуд. Дар маросими оғози корҳои сохтмонӣ иттилоъ дода шуд, ки бинои нав бо назардошти афзоиши аҳолӣ ва мутобиқ набудани бинои мавҷуда ба талаботи замони муосир бунёд мешавад. Бино аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, барои таълиму тарбияи 1224 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Фармоишгари иншоот мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия буда, сохтмон бо такя ба дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо саҳми шахсони саховатманд, соҳибкорон ва бо ташаббуси кумитаи падару модарон амалӣ мегардад. Раиси вилоят зимни суҳбат бо сокинон ва масъулини соҳаи маориф аз ин иқдом истиқбол намуда, онро як тадбири муҳим дар самти беҳтарсозии шароити таҳсил арзёбӣ кард. Ӯ ҳамчунин изҳор дошт, ки чунин ташаббусҳои ватандӯстона дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят низ идома доранд. Айни ҳол дар МТМУ №19 612 нафар хонанда таҳсил доранд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани бинои нав шароити таълиму тарбия ба маротиб беҳтар мегардад. Қарор аст, ки бинои мазкур то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад. Сипас, роҳбари вилоят дар беморхонаи марказии ноҳия бо сохтмони бинои иловагӣ шинос гардид. Сохтмони бинои иловагӣ бо саҳми соҳибкорон ва дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад. Ҳамзамон, чанде аз сокинони ноҳия маблағҳои барои адои ҳаҷ ҷамъовардаи худро барои кори хайр сарф намуда, дар бунёди бино саҳми арзанда гузошта истодаанд.

Новостное изображение

МАСЪУЛИЯТИ НАВБАТӢ МУБОРАК, МУҲТАРАМ РАИС! Муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода! Бо эҳсоси ифтихор ва арҷгузорӣ Шуморо ба муносибати таъин шуданатон ба маснади пурмасъулияти муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик менамоем. Ин интихоби шоиста гувоҳи бевоситаи эътимоду боварии Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба таҷрибаи ғанӣ, малакаи баланди ташкилотчигӣ ва саҳми назарраси Шумо дар рушди ҷомеаи шаҳрвандии кишвар мебошад. Шумо ҳамчун як роҳбари кордон, шахсияти маъруф ва фарзанди содиқи миллат дар тамоми марҳилаҳои фаъолиятатон, хусусан дар мақоми Раиси вилояти Суғд ҳамеша бо ташаббусҳои созанда, ғамхорӣ нисбат ба мардум ва амалишавии ҳадафҳои стратегии кишвар хидмати босазо анҷом дода, ба рушду нумӯи вилоят ва болоравии сатҳи зиндагии сокинон саҳми арзанда мегузоред. Ҳамакнун дар сатҳи давлатӣ ба ҳайси муовини якуми Раиси Маҷлиси миллӣ бовар дорем, ки бо ҷаҳонбинии васеъ, тафаккури муосир ва садоқат ба Ватан дар таҳкими пояҳои ҳуқуқиву сиёсии кишвар, мусоидат ба раванди қонунгузорӣ ва рушди давлатдории миллӣ нақши муҳиму муассир мегузоред. Бо ҳамин фурсати муносиб ба Шумо саломатии бардавом, баракати рӯзгор, руҳу илҳоми тоза, нерӯи тоза ва дар тамоми ҷодаҳои фаъолияти давлативу ҷамъиятӣ комёбиҳои нав таманно дорем. Ҳамеша дар хизмати халқу Ватан сарбаланду муваффақ бошед! Бо эҳтироми самимӣ, Темурҷон Нӯмонзода, раиси ноҳияи Спитамен

Новостное изображение

Шиносоӣ бо ҷараёни кишти картошка ва пахта Раиси ноҳияи Спитамен Темурҷон Нӯмонзода бо мақсади шиносоии ҷараёни кишти картошка ва пахта дар хоҷагиҳои ҷамоати деҳоти Турсун Ӯлҷабоев аз ин минтақа дидан намуд. Дар ҷараёни боздид масъулин бо деҳқонон ва сокинони маҳаллӣ мулоқот карда, аз рафти кишт ва ҳолати заминҳо огоҳӣ пайдо карданд. Ҳамчунин, ба масъалаҳои таъмини техникаи кишоварзӣ ва истифодаи самараноки заминҳо таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Ин ташаббус дар партави сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат ва тадбирҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен барои беҳтар намудани раванди кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ сурат гирифтааст. Таъкид гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд, ки рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ кафили таъмини зиндагии шоистаи сокинон аст. Гуфта шуд, ки ҷиҳати татбиқи ин сиёсат роҳбарияти ноҳияи Спитамен тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

Новостное изображение

Ситоди кории назди Раиси ноҳия ва гуруҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оид ба рушди соҳаи кишоварзӣ Ситоди кории назди Раиси ноҳия ва гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо мақсади баррасии масъалаҳои рушди соҳаи кишоварзӣ дар ноҳияи Спитамен баргузор шуд. Ситод таҳти роҳбарии муовини Раиси вилояти Суғд Файзулло Қосимӣ ва раиси ноҳияи Спитамен Темурҷон Нӯмонзода доир гардид. Дар ҷаласаи Ситод муовини Раиси ноҳия, сарпарасти соҳа, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони ташкилоту идораҳои соҳаи кишоварзӣ, раисони Ҷамоатҳои деҳот, раисони Ассотсиатсияи истифодабарандагони об ва дигар шахсони масъул иштирок намуда, масъалаҳои мавҷудаи соҳа дар ноҳияро баррасӣ карданд. Сардори Раёсати кишоварзии ноҳия, Бекназаров Бобоназар дар ҷаласа гузориш дод ва оид рушди соҳаи кишоварзиро дар ноҳия ва самтҳои афзалиятноки он, ки ба таъмини амнияти озуқаворӣ ва устувории иқтисоди маҳаллӣ кӯмак мерасонанд, маълумот манзур намуд. Муовини Раиси вилояти Суғд Файзулло Қосимӣ дар суханронии худ вазъи соҳаи кишоварзиро дар ноҳияи Спитамен баррасӣ намуда, ба фаъолони соҳа ва мақомоти маҳаллӣ супоришҳо дод. Вай таъкид намуд, ки рушди кишоварзӣ ҳамчун яке аз самтҳои асосии иқтисодиёт бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ва пешниҳоди лоиҳаҳои нав дар саросари ноҳия, ҳамчунин баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ ва истифодаи самараноки захираҳои об, бояд ба таври ҷиддӣ пайгирӣ карда шавад. Ситоди мазкур бо мақсади муайян кардани чораҳои зарурӣ барои пешрафт дар соҳаи кишоварзӣ ва беҳтар кардани шароити зиндагии мардум дар минтақаи Спитамен баргузор гардид.

Новостное изображение

Тадбирҳо ҷиҳати таъмини нақшаи даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар комиссариати ҳарбии ноҳияи Спитамен бо иштироки раиси ноҳия Темурҷон Нӯмонзода маҷлис доир гардид. Раиси ноҳия оид ба иҷрои нақшаи даъвати баҳорӣ ибрози назар намуда, таъкид кард, ки хизмат ба Ватан на танҳо як вазифаи ҷонӣ, балки қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавон аст. Гуфта шуд, ки муҳим аст, ки ҷавонон дар вақти даъват саривақт ва бо амри дилу виҷдон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваст шаванд, зеро хизмат ба амният ва ҳифзи марзу буми Ватан мусоидат мекунад. Темурҷон Нӯмонзода илова намуд, ки иҷрои нақшаи даъвати баҳорӣ дар ноҳия бо иштироки фаъоли аҳолӣ сурат гирифта, масъулон бояд барои тақвият бахшидани фаъолияти тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳӣ, барои расидан ба натиҷаҳои беҳтар чораҳои зарурӣ андешанд. Ҳамчунин, дар маҷлис масъалаҳои марбут ба амнияти ҷомеа, пешгирии ҳодисаҳои нохуш баррасӣ шуданд.

Новостное изображение

Э Ъ Л О Н дар асоси қарори раиси ноҳияи Спитамен аз санаи 04.04.2025, таҳти №144 “Дар бораи гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии дастгоҳи раиси ноҳия, сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Спитамен” озмун эълон менамояд: Мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳияи Спитамен Талаботи тахассусӣ барои довталабон: -таҳсилоти олии касбӣ; -4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ; -донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳияро ба танзим медароранд; -малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ. Маоши мансабӣ 1825,25 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ. Сармутахассис – ҳуқуқшиносӣ дастгоҳи раиси ноҳия Талаботи тахассусӣ барои довталабон: -таҳсилоти олии касбӣ ; -2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ; -донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассис – ҳуқуқшиносӣ дастгоҳи раиси ноҳияро ба танзим медароранд; -малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ. Маоши мансабӣ 1294,80 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ. Сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия Талаботи тахассусӣ барои довталабон: -таҳсилоти олии касбӣ ; -2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ; -донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассис – котиби мақомоти васояту парастории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро ба танзим медароранд; -малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ. Маоши мансабӣ 1294,80 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ. Мутахассиси пешбари Раёсати кишоварзии ноҳия Талаботи тахассусӣ барои довталабон: -таҳсилоти олии касбӣ (ба таҳсилоти олии касбии ихтисоси кишоварзӣ бартарӣ дода мешавад); -донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари Раёсатро ба танзим медароранд; -малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ. Маоши мансабӣ 1062,40 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ. Мутахассиси пешбари шуъбаи маорифи ноҳия Талаботи тахассусӣ барои довталабон: -таҳсилоти олии касбӣ (ба таҳсилоти олии касбии ихтисоси кишоварзӣ бартарӣ дода мешавад); -донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари шуъбаро ба танзим медароранд; -малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ. Маоши мансабӣ 1062,40 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ. Мутахассиси шуъбаи маорифи ноҳия Талаботи тахассусӣ барои довталабон: -таҳсилоти олии касбӣ (ба таҳсилоти олии касбии ихтисоси омӯзгор бартарӣ дода мешавад); -донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси шуъбаро ба танзим медароранд; -малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ. Маоши мансабӣ 871,50 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизматӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ. Сармутахассис оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Навкат, Тағояк ва Истиқлол (се воҳид) Талаботи тахассусӣ барои довталабон: -таҳсилоти олии касбӣ ; -2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ; -донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассис оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии Ҷамоатро ба танзим медароранд; -малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ. Маоши мансабӣ 1236,70 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ. Сармутахассиси (муҳандис – заминсоз) Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Навкат, Куруш, Истиқлол, Тағояк ва Сарбанд, Хуррамзамин (шаш воҳид) Талаботи тахассусӣ барои довталабон: -таҳсилоти олии касбӣ; -2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ; -донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии муҳандис - заминсози Ҷамоатро ба танзим медароранд; -малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ. Маоши мансабӣ 1236,70 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ. Сармутахассис – сармуҳосиби Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Истиқлол ва Сарбанд (ду воҳид) Талаботи тахассусӣ барои довталабон: -таҳсилоти олии касбӣ ; -2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ; -донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби сармутахассис – сармуҳосиби Ҷамоатро ба танзим медароранд; -малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ. Маоши мансабӣ 1236,70 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ. Мутахассиси пешбари мизи ҳарбии Ҷамоатҳои деҳоти Т.Ӯлҷабоев, Истиқлол, Сарбанд ва Хуррамзамин (чор воҳид) Талаботи тахассусӣ барои довталабон: -таҳсилоти олии касбӣ; -донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари мизи ҳарбии Ҷамоатро ба танзим медароранд; -малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ. Маоши мансабӣ 1012,60 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ. Мутахассиси пешбари андози Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Навкат ва Сарбанд (ду воҳид) Талаботи тахассусӣ барои довталабон: -таҳсилоти олии касбӣ; -донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари андози Ҷамоатро ба танзим медароранд; -малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ. Маоши мансабӣ 1012,60 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ. Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати шаҳраки Навкат Талаботи тахассусӣ барои довталабон: -таҳсилоти олии касбӣ; -донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати шаҳраки Навкатро ба танзим медароранд; -малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ. Маоши мансабӣ 1012,60 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ. Мутахассиси нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Турсун Ӯлҷабоев ва Куруш (ду воҳид) Талаботи тахассусӣ барои довталабон: -таҳсилоти олии касбӣ -донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси нозири мизи ҳарбии Ҷамоатро ба танзим медароранд; -малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ. Маоши мансабӣ 830,0 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ. Мутахассис – коргузорӣ Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Навкат, Истиқлол ва Сарбанд (се воҳид) Талаботи тахассусӣ барои довталабон: -таҳсилоти олии касбӣ -донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассис-коргузори Ҷамоатро ба танзим медароранд; -малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ. Маоши мансабӣ 830,0 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ. Мутахассиси Ҷамоатҳои деҳоти Т.Ӯлҷабоев ва Куруш (ду воҳид) Талаботи тахассусӣ барои довталабон: -таҳсилоти олии касбӣ -донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассис-коргузори Ҷамоатро ба танзим медароранд; -малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ. Маоши мансабӣ 830,0 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ. Аз довталабон ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад: -аризаи шахсӣ ба номи Раиси ноҳияи Спитамен; -варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 4 дона расми андозаи 4х6); -тарҷумаи ҳол; -нусхаи шиноснома; -нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот; -нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ; -маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038); -нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда; -маълумот дар бораи даромад ва вазъи молумулкӣ; -маълумотнома оид ба доштан ё надоштани доғи судӣ; -нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд). Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен, баъди чопи аввалини эълон дар муҳлати 21 рӯз дар шакли хаттӣ ё электронӣ қабул карда мешаванд. Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо: ноҳияи Спитамен, к.Спитамен №3, бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен, ошёнаи 1, утоқи №2 шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси ноҳия, телефон (83441) 2-26-83, факс 2-26-83, 2-22-44, нишонаи сомона www.spitamen.tj суроғаи электронӣ mihd_n. spitamen@mail.ru. Қабули ҳуҷҷатҳо аз санаи 7 апрели соли 2025 то 28 апрели соли 2025 -аризаи шахсӣ ба номи Раиси ноҳияи Спитамен; -варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 4 дона расми андозаи 4х6); -тарҷумаи ҳол; -нусхаи шиноснома; -нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот; -нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ; -маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038); -нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда; -маълумот дар бораи даромад ва вазъи молумулкӣ; -маълумотнома оид ба доштан ё надоштани доғи судӣ; -нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд). -аризаи шахсӣ ба номи Раиси ноҳияи Спитамен; -варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 4 дона расми андозаи 4х6); -тарҷумаи ҳол; -нусхаи шиноснома; -нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот; -нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ; -маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038); -нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда; -маълумот дар бораи даромад ва вазъи молумулкӣ; -маълумотнома оид ба доштан ё надоштани доғи судӣ; -нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд). -аризаи шахсӣ ба номи Раиси ноҳияи Спитамен; -варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 4 дона расми андозаи 4х6); -тарҷумаи ҳол; -нусхаи шиноснома; -нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот; -нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ; -маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038); -нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда; -маълумот дар бораи даромад ва вазъи молумулкӣ; -маълумотнома оид ба доштан ё надоштани доғи судӣ; -нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

Новостное изображение

Спитамен: 106 нафар наваскарон ба сафи Артиши миллӣ сафарбар шуданд Дар ноҳияи Спитамен маросими гусели 106 нафар наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси ноҳия Темурҷон Нӯмонзода баргузор гардид. Раиси ноҳия дар суханронии худ таъкид намуд, ки ҷавонони сафарбаршуда дар таъмини амнияти кишвар нақши муҳим доранд. Гуфта шуд, ки вазифаи ҳар як шаҳрванд аст, ки барои ҳимояи Ватан ва арзишҳои миллӣ саҳмгузор бошад. Ҳамчунин, аз наваскарон даъват шуд, ки дар хизмати ҳарбӣ бо масъулият ва садоқат амал кунанд. Маросими мазкур бо барномаи фарҳангӣ идома ёфт. Ҷавонон низ зимни суханронӣ омодагии худро ҷиҳати хизмат ба Ватан изҳор намуда, ваъда доданд, ки бо амри дилу виҷдон ҷиҳати ҳифзи марзу буми Тоҷикистони азиз хизмат хоҳанд кард.