Картинка 2

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Картинка 1

РАИСИ НОҲИЯ
Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло

Новая картинка

Муовини раиси ноҳия
Дилрабо Раҳимӣ

Новая картинка

Муовини раиси ноҳия
Исломзода Баҳодур Саид

Слайдер 1 Слайдер 2 Слайдер 4 Слайдер 5 Слайдер 6 Слайдер 7 Слайдер 8 Слайдер 9 Слайдер 10 Слайдер 11 Слайдер 12 Слайдер 13 Слайдер 14

Хабарҳои охирин

Новостное изображение

Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Спитамен, даъвати ҳафтум баргузор гардид Дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен таҳти раёсати раиси ноҳия Ҷамшед Ҷӯразода Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Спитамен, даъвати ҳафтум баргузор гардид. Дар кори иҷлосия намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Илҳом Худойдодзода, муовинони раиси ноҳия, роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, намояндагони ташкилоту муассисаҳо ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки аз 34 нафар вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия 30 нафар иштирок намуда, 4 нафар бо сабабҳои узрнок ҳузур надоштанд. Иҷлосияро муовини якуми Раиси ноҳияи Спитамен, вакил аз ҳавзаи интихоботии «Нурафшон» №6 Муҳаммадназар Ҷовид ифтитоҳ намуда, рӯзномаи ҷаласаро ба баррасӣ пешниҳод кард. Аз рӯйи рӯзномаи иҷлосия як қатор масъалаҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, масъалаи аз эътибор соқит намудани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Спитамен аз ҳавзаи интихоботии «Спитамен» №1 баррасӣ гардид. Ҳамчунин вакилон пешниҳоди марбут ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2026, №1179 «Дар бораи Раиси ноҳияи Спитамени вилояти Суғд таъин намудани Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло»-ро муҳокима намуда, онро ҷонибдорӣ карданд. Дар иҷлосия масъалаи оид ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ мавриди баррасӣ қарор гирифта, вобаста ба иҷрои талаботи қонун дар ноҳия ҳисоботи муовини раиси ноҳия Дилрабо Раҳимӣ шунида шуд. Инчунин ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба масъалаҳои тандурустӣ, таъминоти иҷтимоӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ аз ҷониби Исобоев Дилшод пешниҳод гардид. Вакил Каримова Гулчеҳра аз ҳавзаи интихоботии «Куруш» №29 оид ба фаъолияти вакилии худ ҳисобот дода, аз корҳои анҷомшуда ва мулоқоту баррасии масъалаҳои шаҳрвандон дар ҳавзаи интихоботӣ маълумот пешниҳод намуд. Дар идомаи иҷлосия масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қисми даромад ва хароҷоти буҷети маҳаллии ноҳияи Спитамен барои нимсолаи якуми соли 2026 муҳокима гардида, қарорҳои дахлдор қабул шуданд. Ҳамзамон қарорҳои Раиси ноҳия оид ба масъалаҳои кадрӣ, инчунин як қатор қарорҳо ва амрҳои Раиси ноҳия мавриди тасдиқи вакилон қарор гирифтанд. Баъди муҳокимаи ҳамаҷонибаи масъалаҳои рӯзнома аз рӯйи ҳар як масъала қарорҳои дахлдор қабул гардида, барои иҷро ба сохторҳои масъул супоришҳои мушаххас дода шуданд. Дар охири кори иҷлосия намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд суханронӣ намуда, ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия ва иҷрои вазифаҳои дар назди мақомоти маҳаллӣ гузошташуда тавсияҳо пешниҳод кард. Иҷлосия дар фазои созандаву корӣ ҷараён гирифта, дар оғоз ва анҷоми он Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод.

Новостное изображение

Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Спитамен мумфаршкунии кӯчаҳо вусъат меёбад Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен бо иштироки Раиси ноҳия Ҷамшед Ҷӯразода ба мумфаршкунии як қатор кӯчаҳои маҳаллӣ оғоз бахшида шуд. Дар ин доира кӯчаи Фирдавсӣ ба масофаи 650 метр, кӯчаи ба номи Кенҷабоева ба дарозии 500 метр ва кӯчаи ба номи П. Турсунов ба масофаи 250 метр мумфарш карда шуданд. Иқдоми мазкур бо саҳмгузории соҳибкорони ватандӯст ва дастгирии сокинони маҳаллаҳо амалӣ гардида, ба беҳтар намудани ҳолати роҳҳои дохилии маҳаллаҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рафтуомади шаҳрвандон мусоидат менамояд. Зимни иштирок дар ҷараёни корҳои мумфаршкунӣ Раиси ноҳия таъкид намуд, ки ободонии маҳал ва беҳсозии инфрасохтори роҳҳо аз самтҳои муҳими сиёсати созандагии давлат ба ҳисоб рафта, дар остонаи ҷашни бузурги миллӣ чунин ташаббусҳо бояд боз ҳам густариш ёбанд. Сокинони маҳаллаҳо аз анҷоми ин корҳои ободонӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, саҳми соҳибкорон ва дастгирии мақомоти маҳаллиро дар рушди маҳалҳои аҳолинишин назаррас арзёбӣ карданд. Корҳои созандагиву ободонӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен идома дошта, дар оянда татбиқи як қатор лоиҳаҳои дигари инфрасохторӣ низ ба нақша гирифта шудааст.